расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » НАҲЗАТ АЗ ҶАНГ БАР ЗИДДИ МИЛЛАТ ДАСТ НАКАШИДААСТ

Сиёсат / Ҷомеа

НАҲЗАТ АЗ ҶАНГ БАР ЗИДДИ МИЛЛАТ ДАСТ НАКАШИДААСТ

Ҳизби террористии бо ном наҳзати исломӣ аз рӯзҳои нахустини фаъолияти худ аниқтараш аз солҳои 1979-и мелодӣ ба ҷуз душмантарошӣ ва дудаста сохтани мардум чизе ба бор наовардааст. Хусусан, ихтилоф бо устодони худ, ки нисбат ба онҳо густохи карда эшонро дар миёни мардум мубтадиъ яъне бидъаткор ном мебурданд. Дар маъракаҳо дар атрофи ширк ва хурофот бисёр суҳбат мекарданд шояд ба ақидаи худ дигаронро ширкзада ва хурофот параст медонистанд аз ҳамин сабаб муллоҳои суннатӣ онҳоро дар он солҳо на наҳзатӣ, балки ваҳҳобӣ меномиданд, ин ваҳҳобиҳои наҳзатӣ то солҳои 1989 мелодӣ дар миёни ҷавонон даст кашидан аз китобҳои куҳнаи мазҳабӣ ва рӯй овардан ба китобҳои нав, хусусан китобҳои ихвониҳоро таблиғ мекарданд. Муллоҳои наҳзатӣ афкори нави хориҷӣ ва зеҳни мушавваши худро исломи ҳақиқӣ дониста, нисбат ба муллоҳи суннатӣ густохӣ карда, онҳоро ба пасмондагӣ айбдор карда мафкура ва ақидаи ғайри мазҳабии худро эҳёи ислом ва муслимин медонистанд. Баъд аз солҳои 1989 мелодӣ дар миёни саркардагони наҳзат таҳаввулоти нав пайдо шуд. Ва он ҳам рӯй овардан ба Эрон буд. Акнун низоъҳо ва тундгароиҳо шиддат мегирифт. Оҳиста-оҳиста аз суст гардидани пояҳои давлати абарқудрати шӯравӣ истифода карда, аввалин бор бо туҳмат ва овозаҳои бардуруғ мардумро боҳукуматдорони даври Тоҷикистон даст ба гиребон сохтанд дар ин даргирӣ хуни чандин бегуноҳ рехта шуд. Ин ҳодиса дар таърих бо номи баҳманмоҳи хунин сабт аст. Наҳзатиҳо дурӯғ гуфтан, туҳмату буҳтон намудан ба шахсиятҳои обрӯманди ҷомеа ва аз ин тариқ рехтани обрӯи онон, дур ва душман сохтани давлату ҳукуматро дар назари мардум беҳтарин васила барои расидан ба аҳдофи аввалу охири хеш медонистанд. Масалан, Қ. Маҳкамовро ҳокими хунхор, Р. Набиевро майзада меномиданд. Вакт нишон дод, ки ин ҳизб ҳатто бо мурдаҳои қабристон раҳм накарда марҳум Ҷ. Расуловро таҳқиромез урусмиҷози чорчашма меномиданд. Наҳзатиҳо бо кадом зимомдори давлат ҳадди ақал туҳмату буҳтон накарда буданд, ки имрӯз бо ҳукумати кунунӣ муросо намоянд? 
Мардуми азази Тоҷикистон мову шумо як бор ин наҳзатро таҷриба кардем, саркардагони собиқ ва феълии наҳзат ба ғайр аз худ касеро тоҷики асил, вориси тоҷикон ва лоиқи тахту тоҷ намедонанд. Масалан, дар миёни худ хуҷандиҳоро муғулнажод, дар умум мардуми Суғдро аз авлоди Темурланг медонанд. Хатлониҳоро лақай, водии Ҳисорро ҷугиёни Самарқанд, Бадахшонро афғониюласл мешуморанд. Пас аз 30 сол ҳоло ҳам аз забони ин бетарбиятон аз тариқи расонаҳо чунин таҳқирҳо ошкоро шунида мешавад. Мавриди зикр аст, ки баъд аз солҳои дароз Додоҷони Атоулло аз хоби ғафлат каме ҳам бошад бедор шуда наҳзатро рақиби худ хонда шиква мекунад, ки инсонро аз руи қиёфааш ба ину он миллат мансуб медонад. Додоҷон то ҳол намедонад, ки ӯро наҳзатиҳо на имруз кайҳо боз муғулчаи чароғи мегуфтанд. Аз ҳамин сабаб буд, ки дар солҳои 1991-1992 мелодӣ дар хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе як гуруҳ аз маҳалгароёни тундрави наҳзатӣ бо роҳбарии яке аз муассисони ин ҳизб генерали сохта Қорӣ Муҳаммадҷон бо хашму ғазаб шиор медоданд: «Ленинободиҳо 70 сол хӯрдед, бас аст». 
Аз ин шиорҳо аксари мардуми шаҳри Душанбе воқиф буданд. Пас аз ин шиорҳои аз қабл тарҳрезишуда акнун оҳиста-оҳиста навбати амалиёт фаро расид. Бо дастури роҳбарият наҳзат гурги хуношом қумондони дарандаи саҳроӣ Р.Нурруллообекови мағзшуста  Додситони кулли ҷумҳурии кишвар Н. Ҳувайдуллоевро бо ваҳшонияти гӯшношунид террор намуд. Роҳбарияти наҳзат ин террорҳоро на танҳо дар шаҳри Душанбе ҳатто дар ноҳияҳое, ки ҳадди ақал 5 фоиз аъзои ҳизб  доштанд, тибқи барномаи хеш идома доданд. Аз он ҷумла, дар ноҳияи А. Ҷомӣ мутахассиси баландпояи соҳаи тиб, яке аз узбекзабонон Соҳибназаров Абубакрро аз байн бурда фарзандонашро ятим ва аз навозиши падар маҳрум ва зиндагии онҳоро як умр талх сохтаанд. Дар натиҷа ҳазорҳо бародарони узбекзабон аз ин ноҳия кӯч баста, ба кишвари ҳамсоя фирор намуданд. Мақсад аз ин тарсу ҳаросафканӣ ва эҷоди даҳшату ваҳшат рондани суғдиҳо аз шаҳри Душанбе ва атрофи он ва собиқ вилояти Қурғонтеппа ва расидан ба қудрат буд.Ҳадаф ва мақсади ҳамаи ҳизбу гуруҳои мудаъи як чиз мебошад он ҳам расидан ба арикаи қудрат ва ё ба даст овардани сарват. 
Бубинед, ки дар вахтҳои охир Амон Иззат ин марди бе виҷдон аз бемории ковид 19 суистифода карда дар миёни баъзе аз муҳоҷирони меҳнати хурока ва ё маблағи ночиз тақсим намуда ин амали риёкоронаи худро расонаи сохта, тутивор сарватмандону тоҷиронро барои дастгирии ҳамватанон даъват карда мехост аз ин тариқ ба суратҳисоби худ маблағҳои зиёд ворид созад аз ин роҳ соҳиби сарвати ҳангуфт гардад. Илова бар ин ба василаи пул муҳоҷирони меҳнатиро дар атрофи худ ҷамъ карда онҳоро мағзшуи намуда сафи тундравони наҳзатро афзоиш диҳад ва амру супоришҳои хоҷагони худро дар тамоми кишварҳои собиқ шурави пиёда созад. Аммо бори каҷ ба манзил намерасад. Ин амалҳои номатлуб боиси ташвиши мақомоти Руссия гардид, ки бори аввал соли 2020 мелодӣ мақомоти интизомии шаҳри Маскав дафтари кории Иззат Амони наҳзатиро ҳамчун шахси гумонбаршуда ва тарғиб кунандаи ғояҳои ифротӣ тафтиш карда буд. Амон Иззат ҳушдор ва тафтишоти мақомоти Руссияро нодида гирифта боз ҳам фаъолияти ғайри қонунияшро аз руи ҳирс ва расидан ба аҳдофи муғризонаи худидома дод. Ин рафтори ӯ маънои онро дошт, ки на худро ислоҳ сохтан мехост ва на ба қонунҳои Руссия эҳтиром қоил буд. Бар акс руз ба руз тундравтар гардида мехост ҳамсафони худро зиёд намояд. Додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскави Федератсияи Руссия ҳамаи кирдорҳои ғайриқонунии ӯро ба инобат гирифта тибқи қонун ва қарорҳои амалкунандаи кишвараш шиносномаи руссии Холов Амон Иззатовичро бекор карда ӯро аз шаҳрвандии кишвари Руссия маҳрум сохта ихроҷ намуданд. 
Ба ҳамагон маълум аст, ки қарори додгоҳо дар тамоми дунё муҳтарам мебошад. Давлати Руссия ҳақ дорад, ки ба хотири оромии кишвараш пеши роҳи тамоми тундравонро гирад. Агар сари роҳи ин тундравон бармаҳал гирифта нашавад на танҳо Тоҷикистон, балки ҳамаи кишварҳои Осиёи Маркази ба мисли Афғонистони ҷангзада лонаи терористони байналмилалӣ мегарданд. 
Имруз кишвари Тоҷикистон ба мисли солҳои 1991-1992 мелодӣ нест, ки ҳар касу нокас ҳарчи хост кардан гирад. Алҳол пояҳои ин давлат ниҳоят қавӣ ва устувор мебошад, ки ифтихори ҳар як шаҳрванди худогоҳ аст. Роҳбари давлат, Пешвои миллат, сиёсатмадори тавоно тавонистанд, ки амнияти миллии кишвари худро пурра барқарор кунанд, оромии ҷомеаи шаҳрвандиро ба ваҷҳи аҳсан таъмин намоянд ва дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ашхоси кордон ва лоиқро тарбият карда интихоб ва ҷо ба ҷо кунанд. Пушида нест, ки ин тадбири оқилона муваффақияти бузург ва натиҷаи дилхоҳ ба бор овард, ки шоистаи таҳсин аст.

Ғуломов Муҳибулло 
(Эшони Фахрузамон)

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.