расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Дар зиндон ва берун аз он. Садои Наргис дар Эрон ва хориҷ шунида мешавад

. / Ҷомеа

Дар зиндон ва берун аз он. Садои Наргис дар Эрон ва хориҷ шунида мешавад

Бо вуҷуди таъқибу таҳдидҳо ва борҳо ба зиндон андохтану маҳрум кардан аз дидори фарзандон, мақомоти Эрон натавонистанд cадои Наргис Муҳаммадӣ, фаъоли ҳуқуқи башарро хомӯш кунанд. Наргис Муҳаммадӣ, аз ҳомиёни ҳуқуқи маъруфи эронӣ аст, ки солҳост барои манъи ҳукми қатл ва ҳимоя аз ҳуқуқи ҷабрдидаҳои зулму шиканҷаи мақомдорон дар Эрон мубориза мебарад.
Дар дохили зиндон ӯ борҳо ба нишони эътироз аз шароити нигаҳдорияш гуруснанишинӣ эълон карда, бо норозигӣ аз куштори садҳо тазоҳургар дар моҳи ноябри соли 2019 аз сӯйи нерӯҳои амнияти Эрон, эътирози инфиродӣ кардааст. Вай ҳамчунин бо ирсоли номаҳо аз маҳбас, ҷомеаи ҷаҳониро аз нақзи ҳуқуқи зиндониён огоҳ кардааст.
Аз замони ба озодӣ баромадан дар моҳи октябри соли 2020, Наргис Муҳаммадӣ, ҳомии ҳуқуқи башар ва cоҳиби чандин ҷоизаҳо дар самти ҳимоят аз ҳуқуқи инсон, муборизаи худро алайҳи зулму саркубсозиҳои давлатдорон идома медиҳад.
"Новобаста ба ҳама чӣ, ман умедворам ва бовар дорам, ки талошҳои мо натиҷаи хоҳанд дод. Ҳарчанд ба ин зудиҳо ҳам набошад, аммо мо ба ҳадаф мерасем",-мегӯяд, ӯ.
Наргис Муҳаммадӣ барои фаъолиятҳояш дар самти дифоъ аз ҳуқуқи инсон ба 10 соли зиндон маҳкум шуда буд. Дар давраи хуруҷи коронавирус дар зиндони Эрон, ба далели нигарониҳо аз бад шудани вазъи сиҳатӣ ва дар пайи даъватҳои СММ барои озодии ӯ ҳукми ҷазояшро кам карданд.

МУҶОЗОТ БАРОИ АҚИБНИШИНӢ НАКАРДАН

Хабарнигор ва муҳандиси ботаҷриба, Муҳаммадӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди ҳама он даҳшатҳое, ки ӯ аз сар гузаронид, ба зиндагӣ хушбин аст ва талошу муборизаҳояшро барои дифоъ аз ҳуқуқи одамон ва озодиву демократия дар Эрон идома медиҳад.
Наргис Муҳаммадӣ, сухангӯйи Маркази ҳуқуқи инсон аст. Марказ аз сӯйи баррандаи ҷоизаи Нобел Ширин Ибодӣ таъсис ёфтааст ва ӯ ба унвони як ҳомии ҳуқуқи башар бо модароне мулоқот мекунад, ки писаронашон қурбонии зулму таъқиби давлат шудаанд. Ӯ ҳамоно ба таври ошкорро аз нақзи ҳуқуқи одамон танқид мекунад.
Дар наворе, ки ҳафтаи гузашта дар интернет нашр шуд, ӯ дар бораи хушунати занон дар зиндон, аз ҷумла озору азияти худаш замони дар маҳбас будан нақл кардааст. Вай гуфтааст, соли 2019 ҳангоми интиқол аз зиндони Теҳрон ба маҳбаси шаҳри Занҷон, воқеъ дар 300 километрии пойтахти Эрон, мавриди хушунат қарор гирифт. Муҳаммадӣ, ки ҳоло аз бемории асаб азият мекашад, таъкид кардааст, ки сабаби интиқолаш ба зиндони дигар эътирози ӯ алайҳи куштори тазоҳургарон буд. Ба ин шева ӯро масъулини зиндон ҷазо додаанд.
Ба гуфтаи Наргис Муҳаммадӣ, бо вуҷуди он, ки тибқи қонунҳои ислом мардон бояд ба занони бегона даст нарасанд, дар зиндони Эрон ӯ аз ҷониби нигаҳбонони мард ва раҳбари маҳбас мавриди хушунати ҷисмонӣ қарор гирифтааст.
"Чаро шумо худатон аз қонунҳои ислом пайравӣ намекунед? (дар зиндон). Пас он ҳарфу талабҳое, ки доред (дар бораи зарурати риояи қоидаҳои ислом) дурӯғ аст",- афзуд ӯ.
"Ман ба ҳамлаҳои мардони исломгаро алайҳи занон эътироз дорам ва сокит нахоҳам буд",-гуфт Муҳаммадӣ дар навор. Ӯ дар ин муроҷиати видеоии худ ҳамчунин аз Нилуфар Баёнӣ, яке аз фаъолони муҳитзистӣ дар зиндон, ки муфаттишони худро ба таҳдиду хушунати ҷинсӣ муттаҳам кард, ёд намудааст.
Охири моҳи феврал Наргис Муҳаммадӣ ҳамроҳ бо гурӯҳе аз фаъолон аз мақомоти Эрон муҷозоти омилони марги маҳбус Беҳном Маҳҷубиро талаб кард. Маҳҷубии 33-сола яке аз фаъолони ҷомеаи сӯфиёни Гунободии Эрон ба гуфтаи мақомот бар асари заҳролудшавӣ аз дору даргузаштааст.
Дар наворҳо дида мешавад, ки Муҳаммадӣ аз кормандони беморхона дар бораи Маҳҷубӣ мепурсад. Маҳҷубии маҳбус ба гуфтаи наздиконаш, бар асари бетаваҷҷӯҳии табибон фавтид. Дар навори дигар Ҳомии ҳуқуқ Наргис Муҳаммадӣ кӯшиш дорад, назди беморхона модари Маҳҷубиро ором кунад. Баъдан Муҳаммадӣ дар сӯҳбатҳояш бо расонаҳо аз он интиқод кард, ки ба Маҳҷубӣ кӯмаки зарурии тиббӣ расонида нашуд.
Аввали моҳи равон, Муҳаммадӣ барои шикоят бурдан бар зидди истифода аз ҳуҷраҳои якнафарӣ дар зиндонҳои Эрон ба сафи фаълони маданӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ пайваст ва дар айни замон хостори муҷозоти мақомдороне шуд, ки ба ин кор иҷозат додаанд.
Дар Эрон аксар вақт маҳбусони сиёсӣ барои ҳафтаву моҳҳо дар ҳуҷраҳои якнафарӣ ва бидуни дастрасӣ ба ҷаҳони беруна нигоҳ дошта мешаванд.
Муҳаммадӣ, ки чандин бор дар зиндон, дар ҳуҷраҳои якнафара нигаҳдорӣ шудааст, дар номаи худ соли 2016 аз маҳбаси Эвини Теҳрон шароити онро "ғайриинсонӣ" ва "шиканҷаи равонӣ" номид. Ба гуфтаи ӯ, ин таҷриба барои гирифтани эътирофи гуноҳ аз муттаҳамон истифода мешавад.
Таҳаммул ё чашм пушидан ба ин ҳама интиқоду ошкорбаёнии дигарандошоне мисли ҳомии ҳуқуқ Наргис Муҳаммадӣ, махсусан дар шароити бад шудани иқтисод ва пандемия барои мақомоти Эрон мушкил аст.
Ҳомии маъруфи ҳуқуқи башар мегӯяд, медонад, чӣ хатарҳое ба ҷони ӯ таҳдид мекунад.
"Албатта ин ба он маънӣ нест, ки ман нигарон нестам. Вале бо вуҷуди ин ҳама ва новобаста аз хатари дигарбора боздошт шудан, фикр мекунам, мо бояд корро давом диҳем ва алайҳи мушкилот садо баланд кунем",- гуфт Наргис Муҳаммадӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ.
Ӯ гуфт, "кушиҳое ки аз ҷониби мо анҷом шудааст, ҳатман дер ё зуд натиҷа хоҳад дод ва барои рафъи ноадолатӣ ва табъизи мардум дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисод, фарҳанг, сиёсат, ҳуқуқи занон мусоидат мекунад ва ҷомеа рушд хоҳад кард".

АФЗОИШИ ФИШОРҲО

Дар моҳи декабр, Эрон Руҳуллоҳ Зам, як маъмури шабакаи машҳури "Телеграм" бо номи "Омаднюс"-ро эъдом кард. Ӯ бо ташвиқи хушунат дар давраи эътирозҳои охири соли 2017 ва аввали соли 2018 муҷрим дониста шуд.
Даҳҳо фаъоли ҷомеаи маданӣ, донишмандон ва афроди дорои душаҳрвандӣ ҳабс шуданд ва шуморе аз онҳо барои солҳои тӯлонӣ ба ҳабс гирифта шуданд. Мақомот ҳамчунин фишорро болои як созмони ғайридавлатии машҳур, ки бар зидди камбизоатӣ мубориза мебурд, шадид кард, то фаъолияти худро қатъ кунад.
Ҳатто баъди раҳоӣ аз зиндон мақомот фишор болои Муҳаммадиро хотима надоданд. Ба ӯ иҷозаи сафар ба хориҷи кишвар дода нашуд ва нисбаташ айбномаи нав дар робита бо эътирозаш дар зиндон дар соли 2019 эълон карданд.
Вай гуфт, дар додгоҳ ҳозир нахоҳад шуд. Зеро эътирозаш дар зиндон як эътирози осоишта алайҳи сиёсатҳои саркубгаронаи Ҷумҳурии Исломӣ ва зидди таъқибу саркубсозии хушунатбори тазоҳуроти ду соли пеш буд. Тазоҳуроте, ки ба болоравии нархи бензин дар шароити камбизоатӣ дар ин кишвар рабт дошт.
Пажуҳишгари созмони "Human Rights Watch" дар Эрон, Торо Сипеҳрфар ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот дар Эрон, ҳатто баъди раҳоии ҳомиёни ҳуқуқ таъқиби онҳоро идома медиҳанд.
"Вале Наргис мисли дигар ҳомиёни ҳуқуқи башар нишон медиҳад, ки аз роҳаш барнагаштааст ва эътирози осоишта бар зидди таъқиботро тавассути сухан ва ба чолиш кашидани мақомот дар доираи қонун идома медиҳад",--гуфт ӯ.
Ду фарзанди навраси Муҳаммадӣ, Киёно ва Алӣ дар Фаронса бо падарашон зиндагӣ мекунанд. Шавҳари ӯ, Тоғӣ Раҳмонӣ, як фаъоли сиёсӣ аст ва дар соли 2012 аз кишвар фирор кард, то зиндонӣ нашавад.
Наргис Муҳаммадӣ дар Эрон монд. Ӯ бовар дошт, ки дар дохил аз ӯ ба кишвараш бештар манфиат мерасад. Ба ин тартиб, ӯ фарзандонашро аз моҳи июли соли 2015 надидааст. Мақомот ба ӯ иҷоза надоданд, ки барои дидани дугоникҳояш ба хориҷ равад. Фарзандонаш дар охири моҳи январ дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъи сафари модарашон ба хориҷро маҳкум карданд.
Ҳатто дар сурати бекор шудани қарори манъи сафар ба хориҷ аз Эрон, Муҳаммадӣ мисли дигар фаъолоне, ки зери фишору таъқиб маҷбур ба тарки кишвар шудаанд, нақшаи ҳиҷратро надорад.
"Ман ба Додситони Теҳрон гуфтам, ки мехоҳам ду моҳ бо оилаам бошам ва сипас баргардам. Мутаассифона, додситонӣ тақозои маро рад кард. Ман қасди ғайриқонунӣ тарк кардани кишварро надорам",--таъкид мекунад, Наргис Муҳаммадӣ.
Ба гуфтаи ин ҳомии ҳуқуқи эронӣ, дар як саф бо мардум мондан ва дар канори онҳо будан ҳадафи асосии зиндагиаш аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.