расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Столтенберг: Толибон бояд ӯҳдадориҳои сулҳро беҳтар иҷро кунанд

. / Ҷаҳон

Столтенберг: Толибон бояд ӯҳдадориҳои сулҳро беҳтар иҷро кунанд

15 феврал, Брюссел. Нишасти матбуотии Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО

Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг гуфт, ҷангиёни Толибон бояд барои иҷрои созиши порсолаи сулҳ бо ИМА бештар талош кунанд, то ки берун шудани нирӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон то моҳи маи имсол имконпазир шавад. Столтенберг, ки 15 феврал дар шурӯи ҷаласаи вазирони дифои узви НАТО дар Брюссел сӯҳбат мекард, гуфт, “Толибон барои иҷрои ӯҳдадориҳои гирифтаашон ҳанӯз кори зиёдеро бояд анҷом диҳанд”. Масъалаи калидии мавриди баррасӣ дар ҷаласа ин аст, ки то куҷо Толибон созиши сулҳро дуруст иҷро мекунанд ё на. Столтенберг дар посух ба саволи хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт:
“Мо мебинем, ки Толибон дар хушунатҳо масъулият доранд. Мебинем, ки Толибон бояд барои иҷрои ӯҳдадориҳояшон кори бештаре анҷом диҳанд, аз ҷумла дар заминаи ӯҳдадории қатъи робитаҳо ва ҳама гуна кӯмакҳо ба созмонҳои террористӣ, ки тавони нақшакашӣ, ташкил ва ҳамла бар зидди моро доранд”.
НАТО дар Афғонистон 9600 сарбоз дорад, 2500 сарбози амрикоӣ аз ин ҳисоб бо тамрину кӯмакрасонӣ ба нирӯҳои Афғонистон машғуланд. Бисёриҳо ҳарос доранд, бо омадани Толибон ба сари қудрат, пешрафтҳои ду даҳсолаи ахир, аз ҷумла, дар бахши ҳуқуқи занон ва демократия аз даст мераванд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.