расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Писари собиқ сарвазири Тоҷикистон барои чӣ маҳкум шуд?

. / Ҳаводис

Писари собиқ сарвазири Тоҷикистон барои чӣ маҳкум шуд?

Раиси Суди олӣ гуфт, Исматулло Ҳаёев ба муҳлати на 8 сол, балки 11 сол равонаи зиндон шудааст.


Сурат: Акси марбута
Писари охирин сарвазири даврони шӯравии Тоҷикистон Иззатулло Ҳаёев, соҳибкори муваффақи тоҷик ва роҳбаи ширкати “ХИМА Текстил” Исматулло Ҳаёев ба 11 соли зиндон маҳкум шудааст.
Раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён дар ин робита хабар дод, ки маълумоти қаблан нашршуда дар бораи ба 8 соли зиндон маҳкум шудани Исматулло Ҳаёев асоси воқеӣ надорад.
Қаблан яке аз манбаъҳои “Азия-Плюс” дар суди пойтахт хабар дода буд, ки Исматулло Ҳаёев ба муҳлати 8 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.
Шоҳиён таъкид дошт, ки нисбат ба Исматулло Ҳаёев аз ҷониби Агентии зиддифасод мутобиқи моддаи 246 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Тасарруфи пулу моли барои қарз додашуда) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда буд.
“Исматулло Ҳаёев ва се нафар ҳаммаслакони ӯ зиёда аз 80 млн сомонӣ пулҳои қарзро, ки аз “Агроинвестбонк” гирифта буданд, азхуд кардаанд”, - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, ӯ дар бораи ҳаммаслакони Ҳаёев ва ба кадом муҳлатҳо зиндонӣ шудани онҳо ҳеҷ маълумоте надод.
Ёдрас мекунем, ки корпоратсияи “ХИМА” ширкати хусусиест, ки соли 1994 таъсис дода шуда, асосан ба парвариши пахта ва коркарди амиқи аввалияи он машғул аст.
Исматулло Ҳаёев писари Иззатулло Ҳаёев (25 апрели соли 2015 даргузашт) - сиёсатмадори маъруф мебошад, ки солҳои 1986-1990 ба Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон роҳбарӣ мекард. Ӯро шахси наздики президент Эмомалӣ Раҳмон мешумориданд. Пас аз вафоташ ба яке аз кӯчаҳои Душанбе номи ӯ гузошта шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.