расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Як афсари милисаи тоҷик дар Панҷ аз тири Калашников ба ҳалокат расидааст

. / Ҳаводис

Як афсари милисаи тоҷик дар Панҷ аз тири Калашников ба ҳалокат расидааст

Мақомоти интизомӣ мегӯянд, як афсари милисаи тоҷик дар натиҷаи як тасодуф дар ноҳияи Панҷ ба ҳалокат расидааст. Як манбаъ дар вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 7-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, Меҳроншо Ҷумъаеви 25-сола ҳангоми супурдани аслиҳаи хидматӣ дар Шуъбаи умури дохилии ноҳия ҷон додааст.
Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт: “Меҳроншо баъди тамоми шудани рӯзи навбатдорӣ, мехост, аслиҳаашро супорад, вале ҳангоми супурдани аслиҳа ва тафтиши онки, автомати Калашников тир дорад, ё не, тир холӣ шуда, ба миёнаш мезанад.”
Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, афсари милиса дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва табибон баъди расидан ба шуъба фақат марги ӯро сабт кардаанд. Яке аз хешони Меҳроншо Ҷумъаев хабари марги ӯро ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард ва гуфт, ки ҳодиса соати чаҳори бомдоди 7-уми феврал рух додааст. Ба қавли ӯ, фарзияи аввали додситонӣ ҳам “ҳалокат дар натиҷаи тасодуфан холӣ шудани тир будааст”.
Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, ки Меҳроншо Ҷумъаев 7 моҳ пештар аз Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷайҳун ба ноҳияи Панҷ ба кор гузашт ва унвони лейтенанти калони милисаро дошт. Афсари ҷавон сокини деҳаи Мадовраи ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Панҷакент будааст. Мусоҳиби Радиои Озодӣ ҷасади Меҳроншоро ҳамроҳӣ мекард, гуфт, ӯро фардо дар зодгоҳаш ба хок месупоранд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва ё додситонӣ расман ин ҳодисаро шарҳ надодаанд. Барои таҳқиқи ҳодиса парванда боз кардаанд.
Радиои Озодӣ дар сурати дарёфти ҷузъиёт шуморо дар ҷараён мегузорад ва лутфан бозгашт ба ин саҳифаро фаромӯш накунед.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.