расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Ҳазорон нафар аз ҷонибдорони Навалиний дар тазоҳуроти рӯзи якшанбе дар Русия боздошт шуданд

. / Ҷаҳон

Ҳазорон нафар аз ҷонибдорони Навалиний дар тазоҳуроти рӯзи якшанбе дар Русия боздошт шуданд

Боздошти тазоҳургарони ҷонибдори Алексей Навалний

Пулиси Русия зидди тазоҳургароне, ки бо талаби озод кардани Алексей Навалний мунтақиди Кремл ба кӯчаҳо баромаданд, аз зӯроварӣ кор гирифт. Бино бар хабарҳо, рӯзи 31-уми январ зиёд аз 2000 тарафдори Навалний боздошт шудаанд.
Нахуст эътирозгарон дар Шарқи Дур ва Сибир бо вуҷуди сармои шадид ва шумори зиёди нерӯҳои ОМОН дар кӯчаҳо гирдиҳамоиро шурӯъ карданд. Тазоҳурот баъдан дар дигар шаҳрҳо низ баргузор шуд.
Нерӯҳои ОМОН дар Маскав ва Санкт- Петербург даҳҳо ширкатдори тазоҳуротро, ки пас аз нисфирӯз оғоз шуд, боздошт намуданд. ОВД- Инфо аз боздошти 650 нафар хабар дод. Беш аз 100 нафар дар шаҳри Владивосток аз ҷумла хабарнигорон боздошт шуданд. Нозирони мустақил мегӯянд, дар чанде аз шаҳрҳои Русия кормандони пулис қабл аз шурӯи тазоҳурот ба хонаи фаъолон рафтанд. Мақомот дар Русия ба авҷ гирифтани тазоҳурот дар саросари кишвар омодагӣ гирифтанд, нозиронӣ пулис ба сокинон ҳушдор доданд, ки ширкатдорони тазоҳуротро ба вайрон кардани маҳдудиятҳои вобаста ба короновирус айбдор хоҳанд кард.
Тими Навалиний ташкили тазоҳуротро дар 142 шаҳри Русия тарҳрезӣ кардааст. Онҳо аз тазоҳургарон хостанд, дар Маскав дар назди бинои ФСБ ва дастгоҳи президент ҷамъ оянд. Пулиси Маскав бахши аъзами қисмати маркази пойтахт ва 7 истгоҳи метроро баст. Даъватҳо барои озодии Навалний аз кӯчаҳои Русия ба марказҳои кишварҳои Иттиҳоди Аврпуо ва ИМА мекӯчад, ки низ озодии Навалнийро талаб доранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.