“Ҷасорати сол”: Табибе, ки дар назди Президент ашк рехта буд…
Муҳаммадҷон Ҳусейнов, табибе, ки дар назди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ашк рехтаву соҳиби хона ва шомили Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон шуд, соҳиби дипломи “Ҷасорати сол-2020”-и ҳафтаномаи “Тоҷикистон” гардид.Дипломро ба ғолиб намояндаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” тақдим кард ва гуфт, ки “Муҳаммадҷон Ҳусейновро хонандагони ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj дар заминаи як пурсиш “Ҷасорати сол-2020” эътироф карданд”.
Номи Муҳаммадҷон Ҳусейнов, табиби тоҷик аввали моҳи май бо як муроҷиатномаи видеоӣ расонаӣ шуд. Ӯ дар шабу рӯзи доман паҳн кардани бемории коронавирус аз табибоне, ки дар рӯзҳои сахт мардумро партофта, аз кор гурехтанд, танқид кард. Баъдан, ӯ дар Рӯзи кормандони тиб ва мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон боиси ситоиш ва намунаи ибрат дониста шуд.