расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Тундравони исломӣ дар Нигер камаш 70 нафарро қатл кардаанд

. / Ҷаҳон

Тундравони исломӣ дар Нигер камаш 70 нафарро қатл кардаанд

Тамрини сарбозони Нигер.

Дар натиҷаи як ҳамлаи ифротгароёни исломӣ дар Нигер камаш 70 нафар кушта шудаанд. Алкоче Алҳудо, вазири умури дохилии Нигер рӯзи 2-уми январ гуфт, ифротгароён сокинони ду деҳаи наздик ба марзи Малӣ бо номи Чоммбангоу ва Зарумдариро қатл кардаанд. Ҳеч гуруҳе масъулияти хунрезиро бар душ нагирифтааст.
Мақомоти амниятии ин кишвари фақири африқоӣ гуфтаанд, ки теъдоди қурбониён на камтар аз 70 нафар аст. Тундравони исломӣ, ки бо Ал-қоида робита доранд ва ҳам гуруҳи ба ном Давлати исломӣ солҳост, ки Нигер, Буркина Фасо, Чад, Малӣ ва Мавритания дар минтақаи Соҳилро ноором кардаанд.
Дар хунрезиву муноқишаҳо дар ин минтақае, ки аҳолиаш дар манотиқи васеъу пароканда зиндагӣ мекунанд, ҳазорон нафар кушта шудаанд. Садҳо ҳазор нафари дигар бехонаву дар мондаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.