расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » СОVID-19 маҳдудиятҳоро дар баъзе кишварҳо зиёдтар кард

. / Ҷаҳон

СОVID-19 маҳдудиятҳоро дар баъзе кишварҳо зиёдтар кард

Навбат барои ваксинзанӣ дар Олмон.

Кишварҳои саросари дунё барои роҳ надодан ба сирояти бештари коронавирус маҳдудиятҳои гаштугузор ва фаъолиятҳои иқтисодиро зиёд мекунанд. Айни замон ваксиназӣ ба зидди бемории СOVID-19 дар Аврупо, Амрико ва дигар гушаҳои ҷаҳон идома дорад.
Нигаронӣ ҳоло аз сирояти навъи нави коронавирус зиёд мешавад, ки зуд сироят мекунад ва дар даҳҳо кишвар хуруҷ кардааст. Беморӣ то кунун 1. 8 миллион нафарро дар саросари ҷаҳон куштааст ва мақомоти баъзе аз кишварҳо гуфтаанд, мумкин аст, аҳвол бадтар шавад. Матбуоти Олмон рӯзи 2-уми январ гузориш дод, ки мумкин аст, ҳукумат ҳафтаи оянда маҳдудиятҳоро тамдид кунад.
Дар Бритониё, ки навъи нави вирус ва вогиртари он пайдо шуд, рӯзи 2-уми январ тақрибан 58 ҳазор мавриди нави сирояти беморӣ сабт шудааст. Дар Амрико рӯзона то 200 000 нафар ба СOVID-19 гирифтор мешаванд ва рӯзона то 2600 нафар мемирад. Дар иёлати Калифорния, ки аҳолиаш 40 миллион нафар аст, дар шаҳраки Лос Анҷелес беморони бистарӣ торафт зиёд мешаванд ва сардхонаҳо низ аз ҷасад пур шудаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.