расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ОФАРИНАШ! МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ МЕҲНАТ ШИРИН АМОНЗОДА БО ЗАНОНИ КОРҶӮ ДАР “МАРДИКОРБОЗОР” (3 АКС)

. / Ҷомеа

ОФАРИНАШ! МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ МЕҲНАТ ШИРИН АМОНЗОДА БО ЗАНОНИ КОРҶӮ ДАР “МАРДИКОРБОЗОР” (3 АКС)

Ширин Амонзода, вазири тозатаъйини меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон рӯзи 21 декабр дар саҳифааш дар Фейсбук се акси мулоқоташ бо занони корҷӯ дар “мардикорбозор”-ро нашр кардааст. “Рӯзе дар “мардикорбозор” миёни занон- корҷӯён…танҳо вақтро метавон довар гирифт…”, навиштааст ӯ дар зери ин аксҳо. Ширин Амонзода шояд нахустин узви баландпояи ҳукумати Тоҷикистон аст, ки пои суҳбати занони “мардикор” нишаст ва дарди дили онҳоро пурсид. Бисёриҳо барои чунин амал ба ӯ офарин хонда, Ширин Амонзодаро намунаи ибрат барои дигар мансабдорони тоҷик номидаанд.
Ширин Амонзода, ҷавонтарин узви ҳукумати Тоҷикистон, ки 3 ноябри соли ҷорӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон таъйин шуд, баъди расидан ба ин мақом ба сари гӯри модараш рафта, қасам ёд карда буд, ки дар ин мансаб ҳалолу содиқона ба Ватан ва ба мардум хидмат хоҳад кард.

Shirin Amonova
Рӯзе дар “мардикорбозор” миёни занон- корҷӯён…танҳо вақтро метавон довар гирифт…
Амонзода Ширин Шодӣ 5 феврали соли 1978 дар Душанбе ба дунё омада, соли 1999 Донишгоҳи омӯзгории Душанбе ва соли 2016 Донишгоҳи Ритсумейкани Минтақаи Уқёнуси Ором (APU) дар шаҳри Беппуи Чопонро хатм кардааст. Ихтисоси аввалаш – забонҳои англисиву фаронсавӣ ва ихтисоси дуюмаш ҳамкориҳои сиёсии байналмилалист. Соли 2004 соҳиби унвони номзади илмҳои филологӣ гардида, соли 2008 ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техникаро ба даст овардааст. Оиладор, соҳиби ду фарзанд.
Ширин Амонзода соли 1999 собиқаи кориашро дар  дар кафедраи методикаи таълими забони хориҷии Донишгоҳи омӯзгорӣ шурӯъ карда, солҳои 1999–2001 аспиранти ин донишгоҳ буд ва солҳои 2001–2002 дар Созмони Байналмилалии Муҳоҷирати СММ, 2002–2004 дар Кумитаи Шветсиягӣ оид ба Афғонистон, соли 2004 дар Комиссариати олии кор бо паноҳандагони СММ, соли 2005 дар Намоишгоҳи Байналмилалии ЭКСПО–2005 дар Ҷопон ва аз соли 2006 то 2016 дар Раёсати робитаҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, ҳамзамон дар кафедраи типологияи муқоисавӣ ва забони англисии факултети забони англисии Донишгоҳи омӯзгорӣ дарс медод.
Соли 2016 Ширин Амонзода барои таҳсил ба Ҷопон рафт. Баъди бозгашт аз таҳсил дар соли 2017 муовини раиси кумитаи рушди сайёҳӣ таъйин шуд.
Моҳи январи соли 2020 Ширин Амонзода раиси кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон ва 3 ноябр вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таъйин шуд.
Ширин Амонзода муаллифи чанд мақолаи илмӣ ва як монография буда, асосан ба таҳқиқи масоили равобити адабиёти тоҷик бо адабиёти ғарб, бахусус адабиёти англис машғул мебошад.
Ширин Амонзода зимнан аз ангуштшумор аъзои ҳукумати Тоҷикистон аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол аст.
Ширин Амонзода, ҷавонтарин узви ҳукумати Тоҷикистон, ки 3 ноябри соли ҷорӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон таъйин шуд, баъди таъйин шуданаш ба ин мақом ба сари гӯри модараш рафта, қасам ёд кард, ки дар ин мақом ҳалолу содиқона ба Ватан ва ба мардум хидмат хоҳад кард.
Ин рӯзи таъинот ба рӯзи зодрӯзи модари деҳотии шаҳрнишинам (равонаш шод боду бихишти барин маъвояш) иттифоқ афтод, ки дар тарбия ва донишомӯзии ман саҳми бориз дошт. Нафаре буд дар ҳаётам хеле азиз, чунки тамоми хислатҳои неки инсониро доро буд ва мо фарзандонро дар ин руҳияиву муҳит ба воя расонидааст. Бо он ки як кӯҳистонзода буд, зани порсосифату буду подшоҳҳиммат, ғурурафкану боҷуръату пурҳиммат ва бо ин хама ниҳоят хоксор, самимӣ ва заминӣ буд. Волидони равоншодам ҳамеша талкин мекарданд, ки меҳнати ҳалолу содиқона ба мардум дар ҳисобу инобат аст. Вазифа ва мансаб пеш аз ҳама масъулият, ҷиддият ва иштирок дар инкишоф аст, хизмати ҳалолу содиқона аст”, – навишта буд Ширин Амонзода дар саҳифааш дар Фейсбук.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.