расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Чӣ тавр метавон аз 1 гектар 20 сентнер ҳосили пахта гирифт?

. / Ҷомеа

Чӣ тавр метавон аз 1 гектар 20 сентнер ҳосили пахта гирифт?

Раҳим Ҳалимов аз ноҳияи Восеъ доир ба методи худ изҳори назар кард.

Сурат: Asia-Plus
Дар Тоҷикистон маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта идома дорад. Баъзе хоҷагиҳо имсол ба рекордҳои шахсии худ дар рӯёнидани ҳосил ноил гардиданд, аз ҷумла Раҳим Ҳалимов аз ноҳияи Восеъ.
“Имсол ҳосил хуб аст. Пахтаи мо дар 1,4 га қитъаи замин кишт шуда, 20-сентнерӣ ҳосил гирифтем, солҳои пеш ба таври назаррас камтар буд”, - мегӯяд ӯ.
Ба қавли номбурда, соли гузашта аз нурии карбамид ва имсол аз селитра ба зироат ғизо дода, боз обдиҳиро зиёд кардаанд, ки ин самар додааст.
То имрӯз дар Тоҷикистон 330 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ба ҳудуди 80%-и нақша баробар аст. Ҳосили бештар дар вилояти Хатлон ҷамъоварӣ шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.