расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » КӮЛОБ: ЧАРОҒҲОИ МАҲАЛЛАИ 10-УМРО ФАҚАТ ЯК РӮЗ ГИРЁН КАРДААНД. ЯК РӮЗИ ПЕШ АЗ ИНТИХОБОТ (2 АКС)

. / Ҷомеа

КӮЛОБ: ЧАРОҒҲОИ МАҲАЛЛАИ 10-УМРО ФАҚАТ ЯК РӮЗ ГИРЁН КАРДААНД. ЯК РӮЗИ ПЕШ АЗ ИНТИХОБОТ (2 АКС)

Сокинони шаҳри Кӯлоб мегӯянд, яке аз кӯчаҳои ин шаҳрдар маҳаллаи 10-ум (байни кӯчаҳои Сайфиддин Сангов ва Шамсиддин Шоҳин)-ро фақат як рӯз – дар арафаи интихоботи президентӣ рӯшан карданду халос. Аз он рӯз ба баъд ин кӯча дигар рӯи рӯшаниро надид ва дар соатҳои шабонгоҳӣ, ба гуфтаи сокинон ва ронандагон, "мисли гӯр торик аст”.
Сокинон мегӯянд, чароғҳои фарсудашудаи бозмонда аз даври Шӯравиро дар ин кӯча дар замони шаҳрдори Кӯлоб будани Баҳром Иноятзода дар арафаи сафари президент ба ин минтақа канданд. Дар давраи раиси нав чароғҳои нав часпонданд, вале фақат як рӯз қабл аз интихобот гирёнашон карданду халос.
"Ин сутунҳо гӯё фақат барои зеби кӯча бошанд. Он ҳам фақат рӯзона. Шабона сутун он тараф истад, касе пеши пояшро дар ин кӯча дида наметавонад”, - мегӯянд сокинон.
Онҳо умедворанд, ки шаҳрдори нави Кӯлоб Абдуқодир Вализода ба ин мушкил расидагӣ мекунад ва ин кӯча дар маҳаллаи 10-ум билохира чароғон хоҳад шуд ё ба қавли сокинон, "рӯи рӯшаниро хоҳад дид.”



Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.