расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » “Макони рӯ ба раҳми Худо”. Наворгирии фотофилми “Аличор”

. / Ҷомеа

“Макони рӯ ба раҳми Худо”. Наворгирии фотофилми “Аличор”

Фотофилм дар бораи мушкилоти иқтисодии сокинони деҳаи баландкӯҳи Аличор.

Сурат: Акс аз ҷониби Маҳпора Киромова пешниҳод шуд
Гузориши нави видеоии лоиҳаи 180 дараҷа дар бораи ҳаёти душвори кӯҳистони дурдасти Тоҷикистон нашр шуд.
Саҳеҳтараш, ин аввалин фотофилмест, ки дар бораи мушкилоти иқтисодии сокинони деҳаи баландкӯҳи Аличор, ки бар асари пандемияи коронавирус ба мушкили қариб ҳалнашаванда табдил ёфтааст, ҳикоят мекунад.
Дар сафар ба ин макони дурдасти кӯҳистон ба таҳиягарони филм Институти “Ҷамъияти Кушода” - Бунёди мадад дар Тоҷикистон кумаки молиявӣ кардааст.





Аксҳо аз ҷониби Маҳпора Киромова пешниҳод шуд1/2
Муаллифи филм Маҳпора Киромова мегӯяд, онҳо ин дафъа дар ҷараёни сафар ба Помир ду филм таҳия карда, яке дар бораи Аличор ва дигарӣ дар бораи Булункӯл аст, ки ба наздикӣ нашр хоҳад шуд.
“Маълум шуд, ки дар кишвари мо ҷойҳое ҳастанд, ки ягон осори тамаддун вуҷуд надораду одамон бо як душворие рӯзгорашонро пеш мебаранд. Ин ҷо дар пойтахт мо иди ҳар гуна сабзавоту меваҳоро ҷашн гирифта, ҳатто дар Хуҷанд озмуни ошхӯрӣ баргузор карданд. Оқибатҳои иқтисодии пандемия ҳоло дар пеш аст. Мо ба зиндагӣ ҷиддӣ назар надорем”, - мегӯяд ӯ.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.