расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Эълони рӯзҳои парвози ҳавопаймоҳо байни Душанбе ва Тошканд

. / Ҷомеа

Эълони рӯзҳои парвози ҳавопаймоҳо байни Душанбе ва Тошканд

Парвозҳо аз ҳар ду ҷониб рӯзҳои чоршанбе ва ҷумъа анҷом дода мешаванд.


Сурат: gazeta.uz
Ширкати Uzbekistan Airways санаи дақиқ ва вақти барқарор шудани парвозҳои мунтазамро бо хатсайри “Тошканд-Душанбе-Тошканд” аз рӯзи 20 январ эълон кард.
Аз ҷониби Ӯзбекистон парвозҳо рӯзи чоршанбе анҷом дода мешаванд: парвоз аз Тошканд ба Душанбе соати 08:00, замони расидан ба Душанбе - соати 09:00; бозгашт парвоз аз Душанбе ба Тошканд - соати 11:00 ва вақти ба Тошканд расидан - соати 12:00.
Билетҳоро аз сомонаи ширкат, дафтари кории Uzbekistan airways sales ё дафтарҳои кории агентҳо дастрас кардан мумкин аст.
Тоҷикистон ҳоло санаи дақиқ ва вақти анҷоми парвози аввалини ширкати “Сомон Эйр”-ро ба пойтахти Ӯзбекистон эълон накардааст.
Бино ба маълумоти як манбаи “Азия-Плюс”, ширкати “Сомон Эйр” парвозҳоро ба Тошканд рӯзҳои ҷумъаи ҳафта иҷро мекунад, лекин санаи дақиқ ва вақти парвоз эълон нашудааст.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар робита ба беҳтар шудани вазъи марбут ба коронавирус дар ҳар ду давлат ва бо қарори ҳукумати кишвар, Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус тасмим гирифт, ки ба барқарор шудани парвозҳои мунтазам байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд иҷоза дода шавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.