расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Хатсайр ба Тошканд якто буда, парвоз ба Бишкек бекор шуд

. / Ҷомеа

Хатсайр ба Тошканд якто буда, парвоз ба Бишкек бекор шуд

Ин на парвози доимии чартерӣ, балки танҳо як парвози тиҷоратӣ мешавад.

Сурат: uz.utro.news
Ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон - Uzbekistan Airways рӯзи 5 январ парвози якуми чартериро бо хатсайри Тошканд-Душанбе пас аз қатъи алоқаи ҳавоӣ байни кишварҳо аз моҳи марти соли гузашта анҷом медиҳад.
“Ин на парвози доимии чартерӣ, балки танҳо як парвози тиҷоратӣ мешавад. Ба мо маълум нест, ки киҳо бо он парвоз мекунанду хатсайри дигар бо ин хатсайр кай анҷом дода мешавад”, - қайд кард як манбаи “Азия-Плюс”, ки ба сохторҳои авиатсионии Тоҷикистон наздик аст.
Дар сомонаи ширкати Uzbekistan Airways ишора мешавад, ки арзиши билети дараҷаи эконом-класс ба ин хатсайр ба як самт 162,5 доллар ва бизнес-класс - 225,5 долларро ташкил медиҳад.
Ҳавопаймои ин хатсайр фардо соати 10:30 дақиқа ба фурудгоҳи Душанбе нишаста, соати 12:00 бозпас ба Тошканд парвоз мекунад.
Дар ҳамин ҳол, анҷоми парвоз бо хатсайри Душанбе-Бишкек-Душанбе ба муҳлати номуайян мавқуф гузошта шуд. Нимаи моҳи декабр агентии сайёҳии “Эсал Трэвел Групп”-и Қирғизистон дар бораи оғози парвозҳои чартерӣ бо ин хатсайр аз 29 декабр хабар дод, ки онро бояд ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба анҷом мерасонид.
“Мутассифона, бар асари кам будани мусофирон мо маҷбур шудем, ки ин парвозро ба вақти дигар гузаронем, чунки пули билетҳои харида хароҷот ба ин парвозро бароварда намекард. Акнун эҳтимол охири моҳи январ бо зиёд шудани талаботи мусофирон парвози аввалинро бо ин хатсайр анҷом диҳем. Мусофиронеро, ки аллакай билет харида буданд, дар бораи ба дигар вақт гузаронидани парвоз огоҳ кардем. Бо дақиқтар шудани санаи парвоз боз хабар медиҳем, ҳозир мусофирон метавонанд билет фармоиш диҳанд”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз агентии сайёҳии “Эсал Трэвел Групп”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.