расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Оғози парвозҳои "Уральские авиалинии" аз Тоҷикистон ба Русия

. / Ҷомеа

Оғози парвозҳои "Уральские авиалинии" аз Тоҷикистон ба Русия

Билетҳо озодона дар фурӯш буда, нархи он ба Маскав қариб то 10 ҳазор сомонӣ мерасад.

Сурат: Интерфакс
Ширкати ҳавопаймоии "Уральские авиалинии"-и Русия ба иҷрои парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон оғоз бахшида, рӯзи 24 ноябр аввалин парвоз анҷом дода шуд. Фурӯши билет ба хатсайрҳо озодона тариқи ҳамаи хазинаҳои фурӯши билетҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон амалӣ мешавад.
Тавре ба “Азия-Плюс” дар яке аз хазинаҳои билетфурӯшии пойтахт хабар доданд, арзиши билетҳои ширкат ба парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия аз 6 ҳазору 700 сомонӣ сар шуда, то ба 9 ҳазору 800 сомонӣ мерасад.
Дар намояндагии ширкати ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” изҳор доштанд, ки билет ба хатсайрҳо озодона дар нуқтаҳои фурӯши билетҳои ҳавопайоӣ фурӯхта шуда, аз онҳо метавон билет харид.
Дар ширкат аз шарҳи масъалаи нархи баланди билетҳо худдорӣ варзида, зикр карданд, ки онҳо ба муайян кардани нархи билетҳо ҳеҷ муносибате надоранд.
“Мо ба иҷрои парвоз тариқи хатсайр, саривақт сурат гирифтани он ҷавобгӯ буда, ба муқаррар кардани арзиши билетҳо ҳеҷ муносибате надорем”, - гуфтанд дар намояндагии ширкат.
Ҳамчунин зикр шуд, ки онҳо аз масъалаи аз ҷониби ширкати ҳавопаймоӣ чӣ қадар муқаррар шудани нархи билет ба ин хатсайрҳо огаҳӣ надоранд.
Дар ҳамин ҳол, дар яке аз нуқтаҳои фурӯши билет дар Душанбе ба мо хабар доданд, ки нархи билет ба талаботи мусофирон вобаста аст.
“Агар талабот ба билет зиёд бошад, табиист, ки нархҳо баланд мешаванд ва баръакс, агар кам бошад, паст мешаванд. Ба парвозҳои наздики ширкати «Уральские авиалинии» бо хатсайри Душанбе – Маскав нархи билет аз 9 ҳазор сомонӣ оғоз мегардад. Масалан, дар хатсайри дирӯза баъзе мусофирон билетро бо нархи 9 ҳазору 800 сомонӣ хариданд. Агар шумо билетро ба хатсайри Душанбе-Маскав ба 6 ё 12 декабр фармоиш диҳед, нархи билетҳо аз 8 ҳазору 300 сомонӣ ва ба хатсайри Душанбе-Самара аз 6 ҳазору 800 сомонӣ сар мешавад”, - қайд карданд дар нуқтаи билетфурӯшӣ.
Ба хатсайри Душанбе-Санкт-Петербург нархи билетҳо аз 7 ҳазору 500 сомонӣ, Душанбе-Қазон – 6 ҳазору 800 сомонӣ ва Душанбе-Красноярск – аз 6 ҳазору 700 сомонӣ оғоз мегардад.
Дар нуқтаи билетфурӯшӣ огоҳ карданд, ки нархи билетҳои ҳавопаймоӣ метавонад дар муддати як соат ва ҳатто як дақиқа тағйир ёбад.
Қобили зикр аст, ки ширкати ҳавопаймоии «Уральские авиалинии» ҷиҳати анҷоми парвозҳои чартерӣ аз се шаҳри Тоҷикистон – Хуҷанду Душанбе ва Кӯлоб ба Русия иҷозатномаи ҳукумати Тоҷикистонро дарёфт намуд.
Дар мувофиқа бо ҳукумати Тоҷикистон шумори парвоз ва рӯзи иҷрои онҳо дар давоми ҳафта тариқи зайл муқаррар карда шудаанд:
Душанбе – Жуковский, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи якшанбе;
Душанбе – Қазон, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи душанбе;
Душанбе – Красноярск, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи душанбе;
Душанбе – Самара, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи сешанбе;
Душанбе – Санкт-Петербург, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи сешанбе;
Душанбе – Уфа, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи душанбе;
Хуҷанд – Жуковский, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи душанбе;
Хуҷанд – Красноярск, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи душанбе;
Хуҷанд – Самара, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи якшанбе;
Хуҷанд – Санкт-Петербург, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи ҷумъа;
Кӯлоб – Москва, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи шанбе.

Бино ба иттилои сафорати Русия дар Тоҷикистон, хатсайрҳои мазкур барои баргардонидани шаҳрвандони Русия, инчунин шахсоне, ки барои вуруд ба Русия мутобиқи фармоиши ҳукумати ФР аз 16 марти соли ҷорӣ (№635) асос доранд, пешбинӣ шудааст.
Ёдрас мекунем, ки ширкати дигари ҳавопаймоии Русия - “ЮТэйр” ҳанӯз аввали моҳи октябр барои анҷоми парвозҳои чартерӣ ҷиҳати аз Тоҷикистон ба ватан баргардонидани шаҳрвандони Русия иҷозатнома гирифт. Ин ширкат тибқи ҷадвали тасдиқшуда аллакай якчанд парвоз ба иҷро расонида, парвози охирин аз Душанбе ба Маскав рӯзи 28 ноябр таъин шудааст.
Парвозҳо бо хатсайри Хуҷанд-Сургут пас аз тартиб додани рӯйхати мусофирон анҷом дода мешаванд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.