Беҳтар намудани шароити моддиву иҷтимоии нафақагирон аз нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат аст

Дирӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кормандон бо Прокурори калони Раёсати назорати умумии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Холиқзода ҷиҳати шарҳи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид .
Тавре аз Агентӣ хабар доданд, дар вохӯрӣ нуктаҳои асосии Паём, аз ҷумла расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017, мақому манзалати зан дар ҷомеа, мубориза ба муқобили коррупсия, пешгирии ифротгароӣ ва тундгароӣ дар байни шаҳрвандон ва сиёсати дарҳои кушода шарҳу тавзеҳ дода шуданд.
Усмоналӣ Холиқзода Паёмро барномаи стратегӣ ва дурнамои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида, зикр намуд, ки ҳадафи аслии Паёми Пешвои миллат- ин ба вуҷуд овардани шароити арзанда барои зиндагии сазовори инсон дарТоҷикистон буда, моро имрӯз зарур аст ҳар як нуктаи онро дар фаъолияти худ мавриди амал қарор диҳем.
Муовини якуми директори Агентӣ Назокат Одиназода иброз дошт, ки дар Паём дар назди кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ вазифаҳои муҳим ва мушаххас оид ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар гузошта шудаанд.
Беҳтар намудани шароити моддиву иҷтимоии нафақагирон, оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон ва шахсони яккаву танҳо низ дар Паёми Пешвои миллат махсус таъкид гардидааст. Ин кормандони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор менамояд, ки барои амалӣ намудани бандҳои мазкур тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон