расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » КОРИ ХАЙР: ФАРЗОНАИ ХУРШЕД ПИРОҲАНҲОЯШРО МЕФУРӮШАД.

. / Ҷомеа

КОРИ ХАЙР: ФАРЗОНАИ ХУРШЕД ПИРОҲАНҲОЯШРО МЕФУРӮШАД.

Фарзонаи Хуршед, овозхони 31-солаи тоҷик тасмим гирифтааст, ки пироҳанҳои саҳнавиашро фурӯхта, маблағи онҳоро ба нафарони ниёзманд хайр кунад. Дар ин бора овозхон дар саҳифаи Инстаграмаш хабар додааст.  
“Бо эҳтироми зиёд ба шумову муҳаббати шумо, ки ба санъати ман доред, шуморо боз ҳам шод кардан мехоҳам. Акнун шумо на танҳо сурудҳои маро гӯш кардаву зам-зама мекунед, балки либосҳои зебову ноёфтаниро аз Фарзонаи Хуршед ба бар карда метавонед. Тамоми либосҳои брендӣ ба шумо пешкаш мегарданд. Шумо онҳоро бо нархҳои дастрас, ҳатто 3-4 маротиба арзонтар аз нархи аслиашон харидорӣ карда метавонед. Маблағи хариди шумо ба нафарони ниёзманд хайр карда мешавад”,-навиштааст Фарзонаи Хуршед дар саҳифаи Инстаграм. То ҳол зиёда аз 20 адад пироҳанҳои овозхон, ки онҳоро ҳамагӣ як маротиба дар сабти клип ё баргузории консерте ба бар кардааст, ба фурӯш гузошта шудаанд, вале дар бораи арзиши пироҳанҳо чизе гуфта нашудааст. Ин нахустин тасмими овозхон барои расонидани кӯмак ба афроди ниёзманд нест. Қаблан ҳам Фарзонаи Хуршед ба хабарнигори ҳафтаномаи “Оила” гуфта буд, ки ба ягон оилаи дар ҳақиқат эҳтиёҷманд хона туҳфа кардан мехоҳад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.