расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Фарзонаи Хуршед бо либоси нимбараҳна (ВИДЕО +18). Вазорати фарҳанг куҷоро нигоҳ мекунад

АХБОРИ ОҶИЛ / Ҷомеа / Ҳаводис

Фарзонаи Хуршед бо либоси нимбараҳна (ВИДЕО +18). Вазорати фарҳанг куҷоро нигоҳ мекунад


Рӯзгори ситораи маъруфи санъати эстрадаи тоҷик Фарзонаи Хуршед, духтари примадонаи санъати тоҷик Сурайё Қосимова ва хоҳари ситораи дурахшони саҳна Шабнами Сурайё, ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи омма қарор дорад.
Махсусан, суруди як рӯз қабл хондааш, ки “Қади ёр омадам” унвон дошту дар саҳнаи Кохи Суруш дар байни ҳаводорони суруду мусиқи садо дод, боиси баҳсу мунозираҳои зиёде гашт. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори кутоҳмуддати видеои Фарзонаи Хуршед аз рафти консерт якбора паҳн гардид ва зери он шарҳои танқидкунанда аз ҷониби мардум равона гардид. Ҳамагӣ Фарзонаи Хоҷибибиро бо ин намуди либоси бараҳна ва ё ба қавле “голий” зери ташқиди шадид гирифта, санги маломатро ба сӯяш равона мекарданд. Фарзона санаи 28 ноябр, дар маросими ҷоизасупории “Высшая лига”, ки ташкилкунандааш Радиои Нав ва роҳбари он Мубориз Усмонов мебошад, бо имиҷи нав ширкат варзид. Пас аз сароидани суруд, ҳамагӣ Фарзонаро ғайбат мекарданд ва барои зеби зани мусулмон набуданаш ӯро дашном ва ҳаргуна суханҳои паст дар ҳақаш гап мезаданд. Ногуфта намонад, ки Фарзонаи Хуршед барои кӯмак кардан ба оилаҳои ниёзманд лисбоҳои хешро тариқи шабакаи Инстаграм ба фуруш гузошта буд вале пас аз тамошои суруди наву либоси нимбараҳнааш ҳамагӣ аз харидани чунин либосҳои ба қавле “бемаънӣ” даст кашидаанд. Акнун Фарзона дар ин бора чӣ мегӯяд, инро вақт нишон медиҳад?! Боварӣ дорем, ки пас аз хондани ин сатрҳо Фарзона аз худ дарак дода, барои ба бар кардани чунин либос ҳақиқатро шарҳ хоҳад дод.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.