расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Бисмиллоҳхон ба Душанбе омад: Оё ӯ ба Аҳмади Масъуд мепайвандад?

. / Сиёсат

Бисмиллоҳхон ба Душанбе омад: Оё ӯ ба Аҳмади Масъуд мепайвандад?

Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири дифои собиқ ва аз чеҳраҳои матраҳи 20 соли ахир дар Афғонистон вориди Душанбе шудааст

Ӯ 15 сентябр дар пайи суқути Кобул ба дасти «Толибон*» аввал ба Ӯзбекистон ва сипас ба шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб рафта буд.

 Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар таъйиди ин хабар гуфт, Бисмиллоҳхонро дар ин сафар Тоҷмуҳаммади Ҷоҳид, вазири корҳои дохилии собиқи Афғонистон (2016-2017) низ ҳамроҳӣ мекунад.

«Ҳар ду аз шаҳри Дубай, ки он ҷо паноҳ бурда буданд, ба Душанбе омаданд, то дар масоили марбут ба муқовимат ва музокирот бо „Толибон“* бо дигар раҳбарони фирории Афғонистон ба маслиҳат биншинанд», — гуфт манбаъ.

Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ ва Тоҷмуҳаммади Ҷоҳид ҳарду мутаваллиди дараи Панҷшер ва аз фармондеҳони Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон мебошанд, ки дар замони ҷиҳоду муқовимат аз ӯ фармон мебурданд.

Дар замони ҳукуматҳои таҳти нуфузи амрикоии Ҳомид Карзай ва Ашраф Ғанӣ мансабҳои баландро ишғол мекарданд ва ҳар ду рутбаи генерал-майор доранд.

Бисмиллоҳхон дар замони Карзай аввал сардори Ситоди артиш, баъдтар вазири дифоъ, корҳои дохилӣ ва дар чанд моҳи ахири ҳукумати Ғанӣ вазири дифоъ буд. Ҷоҳид дар ҳукумати Карзай фармондеҳии сипоҳҳои 209 — и «Шоҳин» ва 207 — и «Зафар» ва дар замони Ғанӣ аз сӯйи Доктор Абдуллоҳ вазири корҳои дохилӣ таъин шуда, як сол баъд ба истеъфо рафт.

Омадани ин ду генерал ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки то ба ҳол хабари дар ин кишвар қарор доштани Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали Ашраф Ғанӣ, президенти фирории Ҷумҳурии исломии Афғонистон низ расонаӣ шудааст.

Солеҳ иддао дорад, ки тибқи моддаҳои 60 ва 67-и Қонуни Асосии Афғонистон, ки дар сурати ҳузур надоштани президент масъулиятҳои ӯро ба муовини аввалаш медиҳад, ӯ амалан президенти Афғонистон аст.

 Ҳамчунин аз ҳузури Мирраҳмон Раҳмонӣ, раиси Маҷлиси намояндагон (Вулуси ҷирга), Муҳаммад Алам Эзадёр, муовини раиси Маҷлиси болоӣ (Мишрону ҷирга) ва чандин намоянди мардумиву фармондеҳони зиддитолиби Афғонистон дар Тоҷикистон хабар медиҳанд.

Қаблан Ҷабҳаи муқовимати миллии таҳти раҳбарии Аҳмад Масъуд эълон карда буд, ки дар баробари ҳукумати «Толибон»* ҳукумати худро эълон хоҳад кард. 7 сентябр «Толибон» ҳукумати худро эълон карда буд.

Сарчашма.​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.