расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Пеш аз никоҳ бо арӯс мулоқот кардан гуноҳ аст?

АХБОРИ ОҶИЛ / Ҷомеа

Пеш аз никоҳ бо арӯс мулоқот кардан гуноҳ аст?

Ҷавони зангир ҳастам ва духтареро дӯст медорам. Мехоҳам донам, ки ҷавону духтар ҳамдигарро дӯст доранд ва муддате бо ҳам вохӯрда, пасон издивоҷ намоянд, мулоқотҳои пеш аз тӯй ва никоҳ кардаашон гуноҳ ҳисоб мешавад ё не? Илтимос, ба ин саволи банда ҷавоби аниқ диҳед! Хонандаи “Оила”.  Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ Аз нигоҳи дини мубини ислом, марди мусалмон, агар бо нияти хонадоршавӣ ба зан ё духтаре хостгор фиристад, ҳақ дорад, ки қабл аз хондани хутбаи никоҳ як бор ӯро аз наздик бубинад ва ҳамроҳаш суҳбат кунад, то огоҳ шавад, ки арӯсшавандааш ягон айбу иллати ҷисмонӣ дорад ё не. Бо чашми баста, яъне ҳамдигарро надида издивоҷ намудан иштибоҳ аст, мабодо арӯс ё домод кар, кӯр, гунг, пес бошад ё ягон нуқсони дигар дошта бошад, ин метавонад дар оянда боиси нофаҳмӣ ва ҷангу ҷидол гардад. Шариат ба хотири пойдории оила иҷозат медиҳад, ки як маротиба никоҳшавандагон бо ҳамдигар аз наздик суҳбат намоянд, вале на дар танҳоӣ, балки дар ҳузури шахсони наздик ва марҳам. Аз Абуҳурайра (р.а) ривоят шудааст, ки як нафар хост бо Ансор издивоҷ намояд. Пайғамбар (с) фармуд, ки оё ӯро нигоҳ кардӣ? Гуфт, хайр. Фармуд, ки бирав ва ӯро нигоҳ кун, чун чашмҳои Ансор маъюб ҳастанд.Пайваста суҳбат кардан ва вохӯрдан аз нигоҳи шаръӣ мамнӯъ аст. подробнее тдж: https://oila.tj/news/pesh-az-niko-bo-ars-


Сарчашма:​оила тҷ​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.