расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Қурайшӣ: Ҷаҳон хоҳони як ҷанги дохилии дигар дар Афғонистон нест

Сиёсат / Ҷаҳон

Қурайшӣ: Ҷаҳон хоҳони як ҷанги дохилии дигар дар Афғонистон нест

Вазири хориҷаи Покистон гуфтааст, ки ҳеҷ касе намехоҳад Афғонистон ба сӯйи як ҷанги дохилии дигар биравад

Шоҳмуҳаммад Қурайшӣ, вазири хориҷаи Покистон ҳангоми суханронӣ дар нишасти «тройка» дар бораи Афғонистон изҳор доштааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳони ҷанги дохилӣ дар Афғонистон нест, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба «Омоҷ».

«Ҳеҷ кас намехоҳад, ки суқути иқтисодии Афғонистон ба бесуботӣ мунҷар шавад. Ҳама мехоҳанд бо унсурҳои террористӣ дар дохили Афғонистон мубориза баранд. Ҳамаи мо мехоҳем, ки буҳрони нави гурезаҳоро пешгирӣ кунем», — гуфт Қурайшӣ.

Қурайшӣ ҳамчунин афзуд, таомули «Тройка плюс» бо ҳукумати ҷадиди Афғонистон ба таҳкими сулҳ ва субот, иртиқои тавсияи иқтисоди пойдор ва маҳдуд кардани фазо барои гурӯҳҳои террористӣ, ки аз дохили Афғонистон фаъолият мекунанд, кумак хоҳад кард.

Нишасти «Тройка плюс» бо ҳузури намояндагони Русия, Чин, Амрико ва Покистон бо мизбонии Исломобод барои баррасии авзоъи сиёсӣ ва иқтисоди Афғонистон баргузор шуд.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.