расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Як мард дар Узбекистон барои фурӯхтани гӯшти хар ба ду сол зиндон маҳкум шуд

. / Ҷаҳон

Як мард дар Узбекистон барои фурӯхтани гӯшти хар ба ду сол зиндон маҳкум шуд

Акс аз бойгонӣ.

Додгоҳи шаҳри Қаршии Узбекистон шаҳрванд Х.Ж.-ро барои фурӯхтани гӯшти хар ба муҳлати ду сол ба корҳои ислоҳӣ ва ба фоидаи давлат рӯёнидани 20 дарсади маошаш маҳкум кард.

Ба иттилои пулиси Узбекистон, мақомоти қудратӣ пештар аз ин дар яке аз хонаҳо дар маҳаллаи «Арабхона"-и шаҳри Қаршӣ мардеро ҳангоми тақсими гӯшти хар пайдо карданд. Дар манзили вай гӯшту пуст ва 20 хари зиндаи дигар пайдо шуд.

Ибтидо марди боздоштшуда исрор меварзид, ки гӯшти харро барои сагҳо омода мекард, аммо дертар иқрор шуд, ки барои фурӯш хар мекушт.

Рӯзи 26-уми майи соли ҷорӣ расонаҳои маҳаллии Узбекистон хабар дода буданд, ки чаҳор сокини ноҳияи Косони Узбекистон бо гумони куштори харҳо боздошт шуданд.

Сарчашма. ​Радиои Озодӣ​​​



Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.