184 АҚДИ НИКОҲ БО ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ

 

Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон иброз дошт, ки ҳатмӣ шудани аҳдномаи никоҳ фарҳангу маданияти баланд доштани ҷомеаро тақозо дошта, дар амалӣ намудани он ба мушкилиҳои гуногун мувоҷеҳ мегардем.

 

Ба гуфти вазири адлияи Тоҷикистон масъалаи аҳдномаи никоҳ омӯзиши мукаммалро мехоҳад. Зеро паҳлуҳои нозуки ин лоиҳа метавонад боиси кам шудани муроҷиати шаҳрвандон бобати бастани ниқоҳи расмӣ гардад. Дар натиҷа никоҳи ғайриқонунӣ зиёд шуда, сабаби поймолшавии ҳуқуқи модару кӯдак мегардад.

Дар ҳамин ҳол Саодат Сироҷзода, сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Тоҷикистон, иброз медорад, ки соли гузашта 184 ақди никоҳи сокинони Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар ҳамаи ин ҳолатҳо миёни навхонадорон аҳдномаи никоҳ баста шудааст. Бинобар маълумотҳои манбаъ аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ давоми як соли охир 72 ҳазору 463 сабти никоҳ, 8 ҳазору 891 сабти бекор намудани ақди никоҳ, 30 ҳазору 335 ҳолати муқарраркунии падарӣ, 953 сабти фарзандхонӣ ва 29 ҳазору 848 сабти иваз намудани насаб, ном ва номи падарӣ ба қайд гирифта шудааст.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон