расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » "Ҷанг намехоҳем": Толибон* дар бораи гуфтушунид бо Панҷшер

Сиёсат / Ҷаҳон

"Ҷанг намехоҳем": Толибон* дар бораи гуфтушунид бо Панҷшер

 Гуфтугӯи намояндагони Ҷабҳаи муттаҳиди миллии Афғонистон дар Панҷшер ва Толибон* дар ҳоли рушд аст.
Дар ин бора намояндаи гурӯҳи радикалӣ Забиуллоҳ Муҷоҳид, дар нишатсти хабарӣ гуфт.
Ба гуфти ӯ Толибон* аз раҳбари Ҷабҳаи муттаҳиди миллии Афғонистон чанд паём гирифт.
"Масъалаи Панҷшер ҳоло баррасӣ мешавад. Имрӯз мо чанд паёме дастрас кардем. Умедворем, ки ҷанг намешавад ва вазъ бо роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ҳал мегардад", - қайд кард Муҷоҳид.

Дар ин гуфтушунид тарафҳо шартҳоеро ироа карданд, ки бо изҳороти қаблиашон тамоман мувофиқат намекунад, менависад РИА Новости бо такя ба манбаъ.
Ҳафтае пеш раҳбари муқовимат Аҳмад Масъуд бо намояндаи Толибон* ва собиқ вазири фарҳанги Афғонистон Амирхон Муттақӣ телефонӣ суҳбат карда буд. ки натиҷаи дилхоҳ надод.
Ҷангҷӯён гуфтаанд, ки мехоҳанд масъалаи Панҷшерро бо роҳи дипломатӣ ҳал кунанд, дар ҳоле ки онҳо борҳо талош кардаанд, ки вилоятро бо зӯрӣ забт намоянд.
Ҳамин тавр, пештар радикалҳо ба як посгоҳи минтақа ҳамла карданд.
Бояд гуфт, Панҷшер то ҳол ягона вилояти Афғонистон аст, ки таҳти назорати Толибон* нест.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.