расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Шӯрои уламои Тоҷикистон: ваксина рӯзаро намешиканад

. / Ҷомеа

Шӯрои уламои Тоҷикистон: ваксина рӯзаро намешиканад

Шӯрои уламои Тоҷикистон эълом дошт, ки ваксинаи Ковид-19 рӯзаи мусулмонро намешиканад

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, эмгузаронӣ ба доштани рӯза халал намерасонад.
Бино ба муроҷиатномаи Шӯрои уламои Тоҷикистон, ки дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дорад, аз нигоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ ҳар чизе, ки сабаби ислоҳи бадан бошад ва аз роҳи аслӣ, ки иборат аз ҳалқ ва бинӣ аст, вориди меъда шавад, рӯзаро фосид месозад.
"Аммо дар ҳолати пеш омадани зарурат ва бартараф намудани хатар давоҳое, ки ба василаи сӯзандору дар бадан ворид мешаванд, агарчи сабаби ислоҳи бадан ҳастанд, вале чун аз ғайри роҳи аслӣ ба воситаи хун ба бадан дохил шудаанд, рӯзаро намешикананд ва фиқҳи муосир низ ин матлабро таъйид мекунад”, - эълом доштааст Шӯрои уламо.
Қаблан марокизи фатвои кишварҳои исломӣ, назири Арабистони Саудӣ, Миср, Кувайт, Баҳрайн, инчунин кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон - Ӯзбекистону Қазоқистон низ фатво доданд, ки бино ба онҳо, гирифтани ваксинаи зидди Ковид -19 рӯзаро намешиканад, зеро он ғизо ба шумор намеравад ва баданро қувват намебахшад.
Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба мардуми Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки баҳри ҳифзи саломатии худ ва атрофиён ҳар як шахси ватандӯсти оқил бояд дар нуқтаҳои махсуси тиббӣ, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудаанд, бетаъхир, таъҷилан аз эмгузаронӣ (ваксинатсия) гузаранд.
"Тибқи далелҳои дар боло зикршуда эмгузаронӣ ба рӯза халал ворид намекунад”, - омадааст дар муроҷиати ин ниҳод ба мардуми Тоҷикистон.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.