расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Шаҳрдорӣ: Роҳкирои нақлиёти ҷамъиятии Душанбе гарон намешавад

. / Ҷомеа

Шаҳрдорӣ: Роҳкирои нақлиёти ҷамъиятии Душанбе гарон намешавад

Итминон дода шуд, ки сокинони пойтахт сари ин масъала метавонанд дар ташвиш набошанд.

Сурат: Asia-Plus
Пас аз болоравии арзиши роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии вилояти Суғд сокинони шаҳри Душанбе нигаронанд, ки ин ҳолат то ба пойтахт ҳам мерасад.
Дар шаҳрдории Душанбе имрӯз ба “Азия-Плюс” итминон доданд, ки алҳол болоравии нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳр пешбинӣ нашудааст.
“Ин масъала ҳатто баррасӣ нашуда, болоравии арзиш дар назар нест. Сокинону меҳмонони пойтахт осуда буда метавонанд”, - гуфтанд дар дафтари матбуоти шаҳрдорӣ.
Айни замон арзиши як бор нишастан дар автобусҳои пойтахт 1 сомониву 20 дирам, дар троллейбус - 1 сомонӣ ва микроавтобусҳо (маршруткаҳо)-и 1 сомониву 60 дирамро ташкил медиҳад.
Арзиши роҳкиро дар аксари автобусу троллейбусҳои шаҳр бо кортҳои City card пардохт мешавад.
Тарифҳои зерин амал мекунанд:
Хуш омадед - тарифи стандартӣ (маъмулӣ, бидуни тахфиф);
Тахфифӣ - 15% тахфиф (камшавӣ) аз арзиши роҳкиро. Барои ҳамаи мусофироне, ки дар як маротиба ба экспресс-корт 50 сомонӣ маблағ пардохт мекунанд, пешбинӣ шудааст;
Донишҷӯ - 30% тахфиф аз арзиши роҳкиро. Барои ҳамаи донишҷӯён (бо пешниҳоди дафтарчаи донишҷӯӣ) пешбинӣ шудааст.
Наврас - 50% тахфиф аз арзиши роҳкиро. Барои кӯдакони синни аз 5 то 12-сола пешбинӣ шудааст;

Ройгон - роҳкирои бепул барои имтиёздорон. Инҳо собиқадорон, нафақахӯрон, шахсони синни аз 75-сола боло, маъюбон, кӯдакони ятиммонда, кормандони милитсия, хизматчиёни ҳарбӣ ва ғайра.
Ҳамчунин билетҳои истифодаашон дарозмуҳлат (проездной) фурӯхта мешаванд. Нархи чунин билет ба нақлиёти ҷамъиятӣ ба муҳлати ним сол барои хонандагони мактабҳо 150 сомонӣ, донишҷӯён - 200 сомонӣ ва шаҳрвандон - 300 сомонӣ муқаррар шудааст.
Маблағи билети истифода барои як сол мутаноситбан 200, 350 ва 500 сомонӣ нарх дорад.
Ёдрас мекунем, ки дар натиҷаи болоравии нархи сӯзишворӣ дар вилояти Суғд, арзиши роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва таксиҳо қимат шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.