расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Бо роҳи ошкоро тасарруф намудани телефони мобилӣ

. / Ҳаводис

Бо роҳи ошкоро тасарруф намудани телефони мобилӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 36-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 11-уми феврали соли 2021, тахминан соати 22:30-дақиқа, шахси номаълум бо корд, фарзанди ноболиғи 14-солаашро, ки дар назди боғчаи кӯдакона, воқеъ дар кӯчаи Зарафшони пойтахт қарор дошт, тарсонида, ошкоро телефони мобилии дар дасташ бударо тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 1 ҳазору 200-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.