расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Дар Мянмар даҳҳо ҳазор нафар тазоҳурот карданд

. / Ҷаҳон

Дар Мянмар даҳҳо ҳазор нафар тазоҳурот карданд

Тазоҳуроти рӯзи 6-уми феврал.

Ҳазорон нафар дар саросари Мянмар ба нишони эътироз аз табадуллоти низомӣ дар рӯзи 7-уми феврал ба хиёбонҳо рехтанд ва хостории озодии Аунг Сан Су Чи, раҳбари мунтахаби кишвар шуданд. Аз замони Инқилоби заъфаронӣ дар Мянмар дар соли 2007 ин кишвар ҳеч гоҳ шоҳиди чунин тазоҳуроти азим нашуда буд. Маҳз ҳамон тазоҳурот роҳ ба демократия дар Мянмарро ҳамвор кард.
Дар рӯзи дуввуми тазоҳурот мардум дар Янгон бузургтарин шаҳри кишвар пироҳани сурх ба бар карда буданд ва парчамҳои сурх доштанд, ки рамзи Ҳизби Миллии Демократии Аунг Сан Су Чи аст. Тазоҳургарон фарёд мекашиданд, ки “Мо на диктатураи низомӣ, балки демократия мехоҳем”.
Артиши Мянмар рӯзи 1-уми феврал ҳукуматро гирифт, Аунг Сан Су Чиро боздошт кард ва имкон надод, ки қудрат ба таври демократӣ ба дасти ҳукумати тозаинтихоб гузарад. Бино ба гузоришҳо, тазоҳуроти рӯзи 7-уми феврал дар муқоиса ба эътирозҳои як рӯз пеш, ки даҳҳо ҳазор нафар дар онҳо ширкат доштанд, бузургтар будааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.