расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Пешгирии муомилоти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳои табиӣ

. / Ҳаводис

Пешгирии муомилоти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳои табиӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Роштқалъаи ноҳияи Роштқалъа ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии металлҳои қимматбаҳо, сангҳои қимматбаҳои табиӣ ё марворид дастгир карда шуд.
Дар вақти кофтукови шахсӣ аз ҷайби номбурда як миқдор сангҳои қимматбаҳои табиии навъи «зумрад» ва 4-адад сангҳои намуди «ёқут» дарёфт ва гирифта шуд.
Мувофиқи маълумотномаи Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сангҳои дарёфтшуда, навъи «ёқут» 112,49-грамм ва «зумрад» 64,40-граммро ташкил медиҳанд.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 284 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.