расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Хадамоти зиддиинҳисорӣ: “Бозори доруворӣ ва маводи тиббӣ зери назорат аст”

. / Иқтисодиёт

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: “Бозори доруворӣ ва маводи тиббӣ зери назорат аст”

Зикр шуд, ки корҳои ба эътидол овардани нарх дар дорухонаҳо то ҳол идома дорад.

Акси марбута
Сурат: muhammad-a.tj
Болоравии нарх ба доруворӣ ва маводи тиббӣ дар соли гузашта ба зиёдшавии арзиши ин маҳсулот дар кишварҳои содиркунанда, ки талабот ба онҳо афзуд, вобаста аст.

Ба иттилои сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ Абдулмаҷид Муминзод ҳолатҳои босуръат болоравии нархи доруворӣ дар ҷумҳурӣ нимаи аввали соли гузашта ҷой доштанд, замоне, ки ҳатто кишварҳои доротарин ҷаҳон ба мушкили камбуди доруворӣ ва маводи тиббӣ дучор шуданд.
Роҳбари Хадамот қайд кард, ки дар ҳамдастӣ бо дигар вазорату идораҳои марбута барои бартараф намудани ҳолатҳои беасос боло бурдани нарх рейдҳо гузаронида шуда, корҳо дар ин самт ҳамарӯза идома доранд.
Муминзода таъкид дошт, ки ҳолатҳои аз ҷониби нуқтаҳои ҷудогонаи фурӯши чакана боло бурдани нарх ҷой дошта, онҳо пешгирӣ шуданд.
“Дар бораи ҳолатҳои қонуншиканӣ ҳудуди 100 санад тартиб дода шуда, қонуншиканон ҷарима шуданд, - иброз дошт сардори Хадамот. - Бархе талош доштанд, ки тиҷораташон қатъ нашаваду чандеи дигар дар бораи даромади беасос фикр мекарданд”.
Зимнан илова шуд, ки айни замон ин бозор зери назорат буда, камбуди доруворӣ ва дигар маводи тиббӣ ба мушоҳида намерасад ва нархҳо устувор мебошанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.