расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Зуҳуроти экстремистӣ ва террористӣ: Пайомад ва роҳҳои пешгирӣ аз он

. / Ҷомеа

Зуҳуроти экстремистӣ ва террористӣ: Пайомад ва роҳҳои пешгирӣ аз он

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама баромадҳояшон оид ба мубориза алайҳи терроризм ва зуҳуроти экстремизм сухан ронда, ин зуҳуроти номатлубро маҳкум намуда, ҷомеаи ҷаҳониро барои мубориза бар зидди он даъват менамояд.
1204«Бо дарназардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем».
Зимни баррасии ин ё он падидаи иҷтимоӣ мо ба моҳият, ба аломатҳои фарқкунандаи он, ки барои ҷудо намудани ин падида аз як қатор зуҳуроти дигар, вале гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ имкон медиҳанд, мароқ зоҳир мекунем, мо пеш аз ҳама мекӯшем падидаи мавриди назарро муайян намоем. Зимни таҳлили экстремизм низ ҳамчунин аст. Ин кори он қадар осон нест, чунон ки дар аввал менамояд, зеро таркиби ин падида хеле мураккабу печида аст. Зуҳуроти гуногуни экстремизм ҳамчун бадии ногузир хоси ҳаёти ҷомеаи муосир мебошанд.
Экстремизм (аз лотинӣ extremus) канорагирӣ мансубият ба ақидаҳои ифротӣ, чорабиниҳо дар сиёсатро дар бар мегирад. Ба ин чорабиниҳо иғво, бетартибиҳои ҷамъиятӣ, амалҳои террористӣ, усулҳои ҷангҳои партизанӣ дохил мешаванд.
Мафҳуми экстремизм дар Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, чунин омадааст: экстремизм – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва азонихудкунии салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад
Қарори Асамблеяи парлумонии Шӯрои Аврупо, ки соли 2003 қабул шудааст ин масоилро чунин пешниҳод намудааст. «Экстремизм ҳамчун шакли фаъолияти сиёсӣ баромад менамояд, идеологияи демократияи парлумониро рад намуда, дар идеология ва амалияи худ қаноатнакуниро дар шакли миллатгароӣ, бадбинии мазҳабӣ, нажодпарастӣ истифода менамояд».
Дар «Конвенсияи Шанхай дар бораи мубориза бар зидди терроризм, сепаратизм ва экстремизм» аз 15 июни соли 2001 банди 3, қисми 1, моддаи 1 чунин омадааст: «Экстремизм-ин ягон намуди амал барои бо роҳи зурӣ гирифтан ва нигоҳ доштани ҳокимият, ба таври зурӣ тағйири сохти конститутсионии давлат, баробар ба суйиқасд ба амнияти ҷамъиятӣ, аз ҷумлаи ташкил ва бунёди дастаҳои ҳарбии қонунӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ ва иштирок дар онҳо ба шумор меравад, ки аз нигоҳи тартиби ҷиноятӣ дар қонунгузории миллӣ таъқиб карда мешавад ».
Айни замон дар ҷаҳони муосир қурбонии экстремизм ва терроризм асосан ҷавононанд ва ҷавонони моро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва сабабу омилҳои ташаккули афкори терроризмро биёмӯзанд ва барои рафъи он дар ҷомеа кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.
Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон намудани солҳои 2020-2040 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳвил ва интиқоли технологияҳои муосир, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги сиёсӣ ва маҷмӯи масоили иқтисодӣ, аз ҷумла ба бозорҳои ҷаҳонӣ роҳ ёфтани маҳсулоти дар кишварҳои олами сеюм тавлидшаванда иқдомоти воқеӣ, мураттаб ва муназзам аст.
Вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир гувоҳӣ аз он медиҳад, ки талошҳои муташаккилонаи байналмилалӣ таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид ва нақши пешбари он комилан зарур аст, зеро терроризм хислати фаромиллӣ пайдо карда, ба хатари умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва мубориза алайҳи он низ бояд тавассути стратегияи глобалии ягона ва самарабахш пиёда гардад.
Вақтҳои охир раванди ба ҳам пайвастани терроризм бо шаклҳои мухталифи ҷиноятҳои фаромиллӣ–гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи аслиҳа, хариду фурӯши одамон, зархаридӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба назар мерасад.
Дар ин радиф хатарноктарин навъи дигари ҷиноят қочоқи маводи мухаддир мебошад, ки тибқи маълумоти сершумор яке аз манбаъҳои асосии бо маблағ таъмин намудани амалиётҳои террористӣ гаштааст. Муборизаи қотеъ бар зидди ин зуҳурот мисли терроризм иқдомоти дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳониро тақозо мекунад ва ба таҳияву татбиқи консепсияи ягонаи мубориза алайҳи он ниёз дорад.
Мусаллам аст, ки мубориза бо тамоми ин хатарҳо бояд яке аз самтҳои муҳимтарини ҳамкории байналмилалӣ ва талошҳои муназзами кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ гардад.
Возеҳ аст, ки терроризми муосир, ки хислати оммавӣ ва фаромиллӣ касб кардааст, зимни равандҳои ҷаҳонишавӣ имконпазир гардид. Як қатор омилҳои айние вуҷуд доранд, ки бо ин равандҳо иртиботи ногусастанӣ дошта, ба сурат ва сирати амалиёти терроризми муосир таъсир мегузоранд.
Дар айни замон мусаллам аст, ки амалҳои оммавии террористӣ, зуҳуроти «низои тамаддунҳо» ё худ бархӯрд дар заминаи муносиботи байнимазҳабӣ нестанд. Таърих гувоҳ аст, ки тамаддунҳо ҳеҷ гоҳ байни худ наҷангидаанд.
Терроризм ягон дину мазҳаби мушаххас, пайдоиши этникӣ, миллат ва ҷойгиршавии доимии ҷуғрофӣ надорад. Дар воқеъ кӯшишҳои бо ҳам тавъам донистани терроризм бо дину мазҳаби мушаххасе ба манфиати террористон аст ва бояд қатъиян ин кӯшишҳоро маҳкум кард.
Зарур аст, ки мо ба ҳар гуна зуҳуроти оштинопазирӣ нисбат ба дине ё мазҳабе монеъ шавем ва барои эҷоди ҳусни тафоҳум ва ҳамкории густурда дар асоси арзишҳои умумии кишварҳои гуногунмазҳаб талош намоем.
Воқеан, дини мубини ислом саршор аз ғояҳои олии инсондӯстӣ, меҳру шафқат ба ҳамдигар, хайру эҳсон, муомилаву муоширати нек, ахлоқи ҳамида ва илму маърифат буда, дар ташаккул ва такомули ахлоқиву маънавии инсон нақши арзишманд доранд.
Маҳз дар чунин шароит баъзе давлатҳо дар қаламрави худ бар зидди терроризм мубориза бурда, ҳамзамон терроризми фаромиллиро дар кишвар ва минтақаҳои дигар ба восита ё бе восита пуштибонӣ менамоянд ва мехоҳанд террористонро ба ҳайси муборизони роҳи озодӣ, истиқлолият ва ҳуввияти миллӣ муаррифӣ созанд.
Тибқи маълумоти аниқи коршиносони ин самт дар ҷаҳони имрӯза зиёда аз 500 созмонҳои экстремистӣ ва террористии пинҳонкор амал мекунанд, ки ҳамасола дар ин самт дар маҷмӯъ аз 5 то 20 миллиард доллари амрикоӣ сарф мегардад. Солҳои охир дар Аврупо, Амрико, Россия, Ховари Миёна, Африқо, кишварҳои Балкан, Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳо ҳамлаҳои даҳшатноки террористӣ ба вуқӯъ пайвастаанд, ки бори дигар ҷомеаи ҷаҳониро аз ин хатари маргбор ҳушдор медиҳад.
Хулоса, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кутоҳтарин муҳлат оиди ин раванд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста, аз рӯзҳои аввалини давлатдории хеш ин қабил ҷиноятҳоро маҳкум карда, ба қонунҳои амалкунанда тағйироту иловаҳо ворид карда, ба ташкилотҳои байналмилалии давлатию ғайридавлатӣ дар ин раванд ҳамроҳ шуда, ҳамагуна зуҳуроти террористӣ ва экстремистиро қотеъона маҳкум кард.
Хизралӣ МАҲМАДЗОДА,
корманди шуъбаи амнияти
иттилоотии РМЗҶМ
ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
лейтенанти милитсия

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.