расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Дар Хуҷанд терминалҳои пулгузарониро ғорат мекунанд

. / Ҳаводис

Дар Хуҷанд терминалҳои пулгузарониро ғорат мекунанд

Бино ба иттилои ВКД гумонбарон бо истифодаи асбоби металии мехкашӣ сарпӯши терминалҳоро кушода, пулро тасарруф намуданд.

Сурат: ВКД
Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд терминалҳои пулгузаронии «Бонки Эсхата» ва «Душанбе ситӣ»-ро ғорат кардаанд. ВКД чанд нафарро бо ҷурми даст доштан дар ин кор боздошт кардааст.
Пулиси шаҳри Хуҷанд се ҷавонро, ки интизор меравад аз терминалҳои пулгузаронии «Бонки Эсхата» ва «Душанбе ситӣ» пулҳоро дуздидаанд, боздошт кардааст. 
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД, гумонбарон бародарон Сайҳун ва Абдумаҷид Абдуманоновҳо ва ҳаммаслаки онҳо Суҳроб Ҷӯраев истиқоматкунандагони шаҳри Хуҷанд будаанд, ки бо роҳи кушодани сарпӯш аз 7 терминали пулгузаронии “Бонки Эсхата”,  “Душанбе ситӣ” ва“Экспрес пей” дар ҳудуди маҳаллаҳои 13, 18, 20 ва 28-и шаҳри Хуҷанд, маблағҳои пулиро тасарруф кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, дуздӣ асосан шабона содир гардида, бо истифодаи асбоби металии мехкашӣ сарпӯши терминалҳоро кушода, дастгоҳи пулқабулкунӣ ба истилоҳ “КЕШ-код”-ро тасарруф намуда, баъди ба даст оварани маблағ ашёи «КЕШ-код»-ро мепартофтаанд. Ин гуруҳи сенафарӣ дар ҳар "амалиёти худ" аз 2 760 сомонӣ то 12 ҳазор сомонӣ зарари фаннӣ ва пулиӣ расонидаанд. 
- Масалан, санаи 14-уми декабр аз терминали назди мағозаи “Доро”, воқеъ дар кӯчаи Рифъат Ҳоҷиеви шаҳри Хуҷанд гумонбаршудаҳо 7 518 сомонӣ тасарруф карда, дастгоҳҳои ҳисоб ва қабули пул, маҷмуан 4 953 сомонӣ арзиш доштаи терминалро шикаста корношоям кардаанд. Ё ин ки, бо ҳамин шева дар назди мағозаи “Сафия”, воқеъ дар маҳаллаи 28-ум зиёда аз 6 ҳазор сомонӣ тасарруф ва 4 900 сомонӣ зарари техникии молу мулкӣ расонидаанд, - хабар медиҳад ВКД. 
Нисбат ба ин се ҷавон тибқи моддаи 244 (ғоратгарӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.