Э.Раҳмон хост, тафтиши шаҳрдорӣ то 1 июл ба охир расад

Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон – аз Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хост, ки санҷиши "истифодаи пулҳои буҷаи кишвар ва пойтахтро" барои сохтмони иншоот дар Душанбе то 1 июл ба охир расонад. Ӯ рӯзи 15 феврал дар мулоқот бо мақомоту фаъолони шаҳри Душанбе гуфт, ки "гузориш дар ин бора бояд ба ҳукумати кишвар ҳам фиристода шавад".

Баъд аз як моҳи барканории Убайдуллоев

Оқои Раҳмон дар ин сӯҳбаташ аз шахси алоҳида ном набурд, вале гуфт, "мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе... раванди иҷрои корҳои сохтмон ва риояи санъати баланди меъмориро таҳти назорат қарор диҳад, сифати сохтмон ва истифодаи дурусти маблағҳои буҷетиро ба таври ҷиддӣ беҳтар гардонад."
Тафтиши истифодаи пули буҷа дар сохтмонҳои пойтахт баъд аз барканории Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори пешини Душанбе, сурат мегирад. Раиси собиқадори Душанбе рӯзи 12 январи ҳамин сол аз мақом барканор шуд ва ба ҷойи ӯ писари бузурги президент Раҳмон, Рустами Эмомалӣ таъин гардид.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, дар даҳ соли гузашта низ Оҷонсии зиддифасод "дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва субъектҳои дигари хоҷагидории давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он 800 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронда, ба маблағи умумии 159 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор кардааст". Вай гуфт, бар асоси ин тафтишҳо, "истифодаи ғайриқонунии маблағ асосан дар самти иҷрои корҳои сохтмон ошкор гардиданд. Мисоли равшан тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагии Раёсати сохтмони асосии шаҳр мебошад."

Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид аз сохтмони Маркази тандурустии "Истиқлол" ва "Душанбе - Плаза" дар маркази пойтахт ёдоварӣ кард ва гуфт, бар асоси санҷишҳо дар ҳардуи сохтмон тақрибан сад миллион сомонӣ зиёни молиявӣ ошкор шудааст.

Мақомоти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон охири моҳи январи имсол эълон карданд, ки фаъолияти шаҳрдории Душанбе тафтиш мешавад. Абдукарим Зарифзода, муовини раиси Оҷонсии мубориза бо фасод рӯзи 27 январ зимни нишасти хабарӣ гуфт, бар асоси нақша, фаъолияти шаҳрдории Душанбе дар ду сол як бор санҷида мешавад ва тафтиши навбатии фаъолияти шаҳрдории Душанбе бояд моҳи майи соли 2018 гузаронда мешуд.

Аммо ӯ гуфт, бар асоси муроҷиати раиси феълии шаҳри Душанбе ва бархе аз шаҳрвандон, тафтиши ғайринавбатии тасарруфи маблағҳо дар шаҳрдорӣ оғоз гардидааст. Шаҳрдори пешини Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев то ба ҳол дар ин робита ба ин гуфтаҳои масъулони Оҷонсии зиддифасод вокуниш нишон надодааст.


Мулоқоти рӯзи чоршанбеи Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону мақомоти пойтахт ва аъзои ҳукумати Тоҷикистон дар толори "Кохи Борбад" дуруст баъд аз як моҳи фаъолияти писараш дар мақоми шаҳрдори Душанбе баргузор шуд. Ӯ дар оғози суханронияш ҳадафи ин ҷаласаро "баррасии вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, мушкилоти мавҷудаи пойтахт ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо" донист.
Вай бо зикри чанд пешрафт, аз ҷумла фаъолияти 468 корхонаи саноатӣ дар Душанбе, ки дар муқоиса ба даврони Шӯравӣ 2,5 баробар бештар будааст, аз камбуди мақомоти пешини пойтахт ҳам ёдоварӣ кард. Раиси ҷумҳур гуфт, ки бо "айби" мақомоти собиқи пойтахт сокинон дар оғози фасли зимистон натавонистанд бо гармӣ таъмин шаванд. Ӯ ваъда дод, ки ҳамаи аҳолии Душанбе то 1 октбяри имсол бо гармӣ таъмин хоҳанд шуд. Вай, инчунин, гуфт, соли оянда масҷиди бузургтарин дар пойтахт, ки бо сармояи Қатар сохта мешавад, ба истифода дода хоҳад шуд.






















назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон