Муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик аз сафари Путин "афв"-ро интизоранд

Даҳҳо муҳоҷири ихроҷшудаи тоҷик аз Русия гуфтанд, ки сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон ва эҳтимоли афви худро интизор ҳастанд. Путин охири моҳи феврал дар доираи сафараш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон ҳам боздид хоҳад кард. Мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, дар ҷараёни ин сафар имзои чанд санад дар назар аст ва ҷониби Русия ҳам таъкид кард, ки эҳтимоли афви то 70 ҳазор муҳоҷири “мамнӯъулвуруди” тоҷикро баррасӣ дорад.

Ҳам ҷарима карданд, ҳам ихроҷ

Дӯстмурод Зиёев – сокини ноҳияи Рӯдакӣ – рӯзи 14 феврал ба назди дари Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон омада, мехост, бифаҳмад, ки оё мӯҳлати манъи вурудаш ба Русия анҷом шудааст, ё не. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, якуним сол пеш ҳангоми бозгашт аз Екатеринбург ба Душанбе боздошт ва гӯё барои нақзи қоидаи будубош “депортатсия” карда шуд.

"Аввал ҷарима карда, ҷавоб доданд. Баъди бозгашт ба Тоҷикистон фаҳмидам, ки то соли 2019 ҳаққи вуруд ба Русияро надоштаам. То замони ихроҷ дар як моҳ то 500 доллар пул кор мекардам. Қисме аз ин маблағ барои зиндагии худам сарф мешуд ва боқимондаашро ба хонавода ба Тоҷикистон мефиристодам”, - гуфт ӯ.

Ин муҳоҷири ихроҷшудаи тоҷик гуфт, дар ин муддат дар Тоҷикистон кори муносибе пайдо карда натавонист ва ҳоло бо таксиронӣ рӯзгори худу хонаводаашро пеш мебарад. “Ба болои ин, падарамро, ки низ сохтмончӣ аст, аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум кардаанд. Аз такисронӣ дар як рӯз 50 сомонӣ фоида мегирам, ки ин пул барои харҷи хонавода кам аст, вале барои намурдан аз гуруснагӣ кифоят мекунад. Умед дорам, баъди омадани Путин ба Тоҷикистон муҳоҷироне мисли ман афв хоҳанд шуд”, - афзуд Дӯстмурод Зиёев. Аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ба қадри тавони худ барои бо ҷои кор таъмин кардани муҳоҷирони “мамнӯъулвуруд” талошҳое ба харҷ додаанд.


Матбуот аз қавли сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков навишт, ки охири моҳи феврал Владимир Путин дар чаҳорчӯби як сафари минтақавӣ, аз Тоҷикистон ҳам боздид мекунад. Эҳтимол ин сафар рӯзи 28 феврал баргузор шавад. Ҳанӯз ҷузъиёт ва ё мавзӯи мушаххаси музокироти Путин бо мақомоти баландпояи тоҷик дар Душанбе мушаххас нест.

Вале эҳтимол афви афроди “мамнӯъулвуруд” баъди он матраҳ шуд, ки сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо Александр Горовой – муовини аввали вазири умури дохилии Русия рӯзи 8 феврал имкони иҷозати дубораи вуруди муҳоҷирони тоҷикро баррасӣ кард. Феълан 270 ҳазор муҳоҷири кории кишвар аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия маҳруманд ва ҷониби Тоҷикистон умедвор аст, ки барои аз 14 то 68 ҳазори онҳо ҳукми афв татбиқ шавад. Русия барои беш аз як миллион сокинони Тоҷикистон ба макони аслии кору даромад табдил шудааст.








назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон