расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Ӯзбекистон ҳам нишастҳои солинавии кормандонро манъ кард

. / Ҷаҳон

Ӯзбекистон ҳам нишастҳои солинавии кормандонро манъ кард

Дастур шудааст маблағҳои ин корро барои рушди маориф, тандурустӣ, ятимхонаҳо масраф шаванд.

Сурат: uzreport.news
Дар Ӯзбекистон баргузории шабнишиниҳои солинавӣ барои кормандони мақомоти давлатӣ манъ карда шуд, хабар медиҳад хабаргузории Podrobno.uz бо истинод ба қарори Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ.
Бино ба иттилои манбаъ, ба муассисаҳои давлатӣ тавсия дода шуд, ки маблағҳоие, ки барои ин чорабиниҳо дар назар гирифта шудаанд ба рушди маориф, тандурустӣ, ятимхонаҳо ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ равона кунанд.
«Ҷолиб аст, ки манъкунӣ баргузории чорабиниҳои идона дар тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо, ки бо иштироки 30 нафар бо риояи қатъии талаботи санитарӣ баргузор мегарданд, дахл надорад», - менависад манбаъ.
Инчунин, бо қарори комиссияи махсус дар биноҳои муассисаҳои таълимии томактабӣ, мактабҳои миёна ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо иштироки мактаббачагон, хонандагон ва донишҷӯён ташкил ва гузаронидани ҷашнҳои гуногун манъ аст.
«Аз сокинони Ӯзбекистон даъват ба амал оварда шуд, ки Соли навро дар ҳалқаи оила ҷашн бигиранд»- гуфта мешавад дар қарор.
Нишасти Арчаи анъанавии солинавии президентӣ-кӯдакон, имсол танҳо барои кӯдакони ятимхонаҳо баргузор мешавад. Ҳамзамон, дар марказҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ арчаҳои солинавӣ танҳо дар фазои кушод насб карда мешаванд.
Инчунин, ба мақомоти масъул супориш дода шуд, ки назоратро аз болои риояи қатъии маҳдудиятҳои карантинӣ дар тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо ва дигар муассисаҳои хӯрокворӣ (масофаи иҷтимоӣ ҳангоми ҷойгиркунии муштариён, истифодаи ниқобҳои тиббӣ, тӯйҳо ва маросимҳои оилавӣ барои на зиёда аз 30 нафар, инчунин безарагардонӣ бо маводи зиддиуфунӣ пурзӯр кунанд.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон низ бинобар бемории коронавирус Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ба сокинон тавсия дода аст, ки соли навро дар канори оила ҷашн бигиранд ва гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳои солинавӣ манъ гардид. Инчунин насб гардидани арчаи солинавӣ дар маркази пойтахт низ манъ шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.