расонаи иттилии - Ориён » Арчаи солинавӣ дар Хуҷанд гарон шуд

---

Арчаи солинавӣ дар Хуҷанд гарон шуд

Яке аз мағозаҳои арчафурӯшии Хуҷанд
Сурат: Asia-Plus
Бо вуҷуди манъ шудани таҷлили Соли Нав ва нишастҳои солинавӣ дар Хуҷанд қимати арчаи солинавӣ, ки маъмулан дар хонаву коргоҳҳо мегузоранд, имсол ҳудуди аз 30 то 100 сомонӣ боло рафтааст. Тоҷирон сабаби боло рафтани нархро ба болоравии қурби доллар ва манъи ҳамагуна чорабиниҳои солинавӣ вобаста мекунанд.
Бо вуҷуди боло рафтани арчаи ороишии солинавӣ фурӯшандагон мегӯянд нисбат солҳои гузашта харидорон бамаротиб камтаранд.
Зафар як фурӯшандаи бозори Панҷшанбе оғози моҳи декабр мағозаи гулҳои сунъияшро ба фурӯши армуғонҳои солинавӣ табдил дод. Ӯ ба “Азия-Плюс” гуфт, аксари молҳои солинавӣ, ба хусус арча боқимондаи соли гузашта аст, ки имсол низ ба фурӯш гузошт. Арчаи солинавиро аз Ҷопон ворид мекарданд. Имсол бинобар набудани харидор тоҷирони Хуҷанд нигаронанд барои ворид кардани маҳсулоти нав дархост надодаанд.
“Арчаи солинавӣ ҳоло харидор надорад, танҳо ангуштшумор сокинон ба хонаҳояшон харида рафта истодаанд. Дар мағоза 8-10 адад арча дорам, аз бозори соли гузашта мондааст. Лекин ба ҳамин ҳам харидор нест. Чорабиниҳои солинавӣ манъ шуду харидорони арча кам шуданд. Нархи арча дар мағозаи ман имсол бинобар қимат шудани доллар 30-50 сомонӣ ва баъзе арчаҳои серчароғ аз он ҳам гарон аст”.
Дар мағозаи ӯ арчаи баландияш 0,60 метра 30 сомонӣ, 0,90 метра 45-50 сомонӣ, 1,25 метра 120-140 сомонӣ, арчаи баландиаш 1,5 метра 210-230 сомонӣ қимат дорад, ки назар ба арзиши як соли пеш ба гуфти фурӯшанда вобаста ба сифат то 50-70 сомонӣ гарон шудааст.
Як фурӯшандаи дигари бозори Панҷшанбе низ мегӯяд, ӯ имсол танҳо ду намуди арчаи солинавии гаронарзишро ба фурӯш гузошт, ки аз савдои соли гузашта боқӣ мондааст ва ҳудудан 100 сомонӣ назар ба арзиши як соли пеш гарон кардааст.
“Арчаи ба фурӯш гузоштаи ман яке 1,80 метр ва дигаре 2 метр баландӣ дорад ва бо фурӯзонакҳои махсус зеб дода шудааст, ки 650 сомонӣ ва 800 сомонӣ арзиш дорад. Ҳоло бори нав аз Чин наомадааст, агар ояд шояд нархи арчаҳо аз ин ҳам гарон шавад”,-мегӯяд ин ҳамсуҳбати мо..
Дар бозори Панҷшанбе имсол ба фарқ аз соли гузашта арчаи солинавӣ бамаротиб кам аст ва танҳо се чаҳор мағоза ба фурӯши “шаҳомати соли нав” машғул ҳасту халос.

“Даҳ рӯз шуд ягон арча нафурӯхтам, харидор нест”

Абурашид Халилов, ягона фурӯшандаи молҳои идонаи солинавӣ дар роҳи зеризаминии Фурӯшгоҳи Хуҷанд ба “Азия-Плюс” гуфт, ки 1-уми декабр ба фурӯши арча пардохт ва инак 10 рӯз инҷониб ягон арча нафурӯхтааст. Ӯ аз суст будани тиҷорати арча нигарон аст. Халилов гуфт солҳои қаблӣ савдои молҳои солинавӣ хуб буд. “Корхонаҳо, муассисаҳои таълимию кӯдакистонҳо харидорони асосии арча буданд ва дар як рӯз 15-20 арча мефурӯхтам, ки ҳоло ягон адад нафурӯхтаам.Танҳо шумори ками одамон бозичаҳои солинавӣ харидорӣ карда истодаанд, ки ҳамон ҳам ба кӯдакону ороиши солинавии хонаҳо аст”.
Asia-Plus
Лутфулло Баҳодуров, сокини шаҳри Хуҷандро вазъи мушкили иқтисодӣ дар замони пандемияи коронавирус водор намудааст, ки имсол ба харидории ороишоти зиёди солинавӣ маблағ сарф накунад. Ӯ ҳамроҳи наберааш ба мағозаи молҳои солинавӣ омад ва гуфт “ба хотири наранҷидану хурсанд шудани наберагону фарзандон имсол ҳамаи шодиву рақсро на дар кӯчаву хиёбону мактаб, балки дар хона ҳамҷоя анҷом медиҳем. Ҳоло арча намехарам фақат бозичаҳои солинавӣ барои кӯдакон мехарам”.
Қимати арчаи солинавӣ ва дигар молҳои идона дар Хуҷанд дар ҳоле боло рафтааст, ки рӯзи 18-уми ноябр Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19 эълон кард, ки дар Тоҷикистон гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳои тантанавӣ, аз ҷумла гузоштани арчаи солинавӣ, чорабиниҳои фарҳангии оммавӣ, нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ ба муносибати Соли нави милодӣ дар қаламрави кишвар манъ гардид.
Аз Маркази санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд низ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ҷашни Соли нав танҳо дар доираи хонаводаҳо иҷозат аст. Вале дигар ҳама чорабиниҳои вобаста ба ин ҷашнро барои ҷилавгирӣ аз хурӯҷи сироятёбӣ ба бемории ҳамагир дар муассисаҳои фарҳангӣ, мактабу кӯдакистонҳои шаҳр манъ кардаанд. Масъулин мегӯяд, ба гаштугузори бобои барфӣ бо риояи қоидаи масофаи иҷтимоӣ ва дигар қоидаҳои беҳдоштӣ дар кӯчаву хиёбонҳои Хуҷанд иҷозат аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.