Ҳуҷҷат надорад: Марги ҷавони тоҷик баъди радди қабул дар беморхонаи 23

Табибони беморхонаи давлатии рақами 23-и Екатеринбург шаби 13 феврал ҷавони тоҷикро, ки аз дасти ҳамватанаш корд хӯрдааст, ба далели надоштани ҳуҷҷат қабул накардаанд. 

Дар ин бораи "АиФ-Урал" хабар дода, афзудааст, ки ҷавони тоҷик дар роҳ ба нуқтаи тиббии дигар ҷон додааст. 

Ба иттилои мақомоти Русия марҳум соати 2-и шаби 13 феврал аз дасти ҳамватанаш дар як қаҳвахонаи назди бозори "Таганский ряд"-и Екатеринбург корд хӯрдааст: “Онҳо барои зан муноқиша карда, яке модари дигариро дашном додааст. Таҳқиршуда бо дашномдиҳанда вориди занозанӣ шуда, дар натиҷа корд хӯрдаст”. 

Мақомоти тафтишотии Екатеринбург мегӯянд, феълан муттаҳами 27-сола дастгир шуда, тафтишот идома дорад: “Аз ҷумла муайян мешавад, ки чаро дӯстонаш саривақт ёрии таъҷилии тиббиро даъват накардаанд ва интиқол ба беморхона чӣ қадар вақтро мегирад. Инчунин ба амали табибон, ки ба гуфтаи ҳамватанони марҳум саривақт ба маҷруҳ ёрӣ нарасондаанд, баҳои ҳуқуқӣ дода мешавад”. 

Масъулини тандурустии Екатеринбург аз шарҳи ҳодиса ба расонаҳо худдорӣ карда, дархости расмиро талаб намудаанд. 
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон