расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ҳалокати 1 нафар бар асари таркиши балони газ дар ноҳияи Рӯдакӣ

. / Ҳаводис

Ҳалокати 1 нафар бар асари таркиши балони газ дар ноҳияи Рӯдакӣ

Сабабҳои таркиши балони газ ва зиёни расида аз онро мутахассисони соҳавӣ таҳқиқ мекунанд.

Дар ҷамоати деҳоти Чортеппаи деҳаи Маърифатии ноҳияи Рӯдакӣ нимаи дуюми рӯзи 5 декабр бар асари таркиши балони гази моеъ дар манзили сокини 62-солаи ҳамин ҷо Алиқул Ҳасанов бародарарӯси номбурда Бобомурод Ҳаитови 36-сола ба ҳалокат расид.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, соҳибхона Алиқул Ҳасанов дар беморхонаи №3 шаҳри Душанбе бистарӣ гаштааст.

Гуфта мешавад, сабабҳои таркиши балони газ ва зиёни расида аз онро мутахассисони соҳавӣ таҳқиқ мекунанд.
Қобили зикр аст, ки аз соли 2016 истифодаи балони газ дар хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе манъ шуд.
Ин муқаррарот аз ҷумла, ба хонаҳои 5-ошёна ва баландтар аз он дахл дорад. Барои риояи нашудани ин талабот ҷарима барои шахсони воқеӣ - 240 сомонӣ ва шахсони мансабдор - 880 сомониро ташкил медиҳад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.