расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Хатлон: Куштор дар заминаи рашк

. / Ҳаводис

Хатлон: Куштор дар заминаи рашк

062
Зӯроварӣ дар оила як зуҳуроти номатлуб дар байни ҷомеа буда, нигарониҳои зиёдеро ба миён овардааст. 
Дар заминаи муноқишаву ҷанҷолҳои оилавӣ, ки аксаран вақт омили сар задани Ҳодисаҳои нохуш, содиршавии ҷиноятҳои вазнин гаштааст, бетарафиро ихтиёр намудани атрофиён низ боис мегардад.
Чунин як фоҷиаи даҳшатангез дар ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёвон санаи 27-уми ноябри соли ҷорӣ ба вуқӯъ пайваст ва мардуми ин ноҳияро ваҳшатзада кард.
Модари 3 фарзанд Бобоҷонова Бибихоли 32-соларо шавҳараш Қарақулов Урозбек дар манзили истиқоматияшон дар пайи муноқишаи оилавӣ ва рашки беасос бо корди хоҷагӣ бо як бераҳмии махсус чанд маротиба ба узвҳои муҳими баданаш мезанад, ки ҷабрдида дар ҷои ҳодиса, аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштааш ба ҳалокат мерасад.
Аз ҷониби кормандони милитсияи ноҳияи Ёвон дар кутоҳтарин муддат гумонбари ҷинояти махсусан вазнин -одамкушӣ, Қарақулов Урозбек муайян ва боздошт карда шуд.
Одамкушӣ - яке аз гуноҳҳои сангин ҳисобида шуда, барои содиркунандаи ин амали зишт ҷазои вазнинтарин таъин карда шудааст.
Куштори бераҳмонаи ин зан бори дигар аҳли ҷомеаро ҳушдор медиҳад, ки дар миёни мо ҳастанд нафароне, ки қадру манзалати инсонҳо назди ин тоифаи разилу камназар қиммате надорад

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.