Партовгоҳҳои уран дар Тоҷикистон безарар мегарданд (сурат, харита, инфографика)

Аз Иттиҳоди Шӯравӣ ба Тоҷикистон зиёда аз 55 млн тонна партовҳои радиоактивӣ мерос мондаанд. Аз сабаби кам шудани маблағгузорӣ ба системаи ҳифзи партовҳои радиоактивӣ вазъи партовгоҳҳо рӯз ба рӯз хароб шуда, хатари ҷиддии садамаи экологии минтақавӣ ба миён меояд. Дар макони партовгоҳҳо манбаҳои шумораи зиёди касалиҳои сироятӣ ва онкологӣ ба чашм мерасанд, ки сокинон ва мутахассисон онро ба радиатсия вобаста медонанд.

Ҳарчанд имрӯз Тоҷикистон наметавонад барои безараргардонии ин маконҳо маблағи зарурӣ ҷудо намояд, мекӯшад дар ҳамбастагӣ бо дигар кишварҳо партовгоҳҳоро барқарору безарар гардонад. Бояд гуфт, ки моҳи ноябри соли гузашта дар шаҳри Истиқлол (пештара Табошар) бо иштироки коршиносони соҳа вохӯрӣ доир гардида буд. Вохӯрӣ дар доираи Барномаи мелиоратсияи ҳудудҳои аз саноати истихроҷи уран таъсирдида, ки аз ҷониби Русия, Тоҷикистон, Қирғизистон амалӣ мешавад, гузаронида шуд. Дар баррасии масоили безараргардонӣ ва гӯронидани партовҳои радиоактивӣ намояндагони “Росатом” ва Маркази федералии бехатарии ядроию радиатсионии Русия, экологҳо ва олимони узви Барнома ширкат доштанд.

Дар доираи Барнома барои корҳои барқароркунӣ ва безараргардонӣ шаҳраки Мин-куш ва Каҷи-сой (Қирғизистон) ва шаҳри Истиқлол (Тоҷикистон) интихоб гардиданд. Барои безарар гардонидани ин партовгоҳҳо 1,156 миллиард рубли русӣ ҷудо карда мешавад, ки Русия саҳми бештар дорад:


Яке аз маҳалҳои аҳолинишини зери хатар шаҳри Истиқлол буда, дар шимоли Тоҷикистон воқеъ аст. Ин шаҳр 13000 аҳолӣ дошта, ҳамагӣ чанд километр дуртар аз силсилапартовгоҳҳо воқеъ аст. Маҳз дар ҳамин макон уран барои аввалин киштии кайҳонии ИҶШС истеҳсол карда шудааст.





назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон