расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Маҳмадсаид Шоҳиён: “Далер Назаровро нарондаам!”

. / Ҷомеа

Маҳмадсаид Шоҳиён: “Далер Назаровро нарондаам!”


90-солагии “Тоҷикфилм” бо интиқоди шадиди директори нави он Муҳаммадсаид Шоҳиён оғоз шуд. “Баъди раисии Шоҳиён чандин режиссёрҳои ҷавон аз кор рафтанд!”, “Далер Назаров тарки “Тоҷикфилм” кард!” ва дигар овозаҳо дар сархати баҳсҳои шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифтанд…

Барои фаҳмидани асли воқеа ва воқиф шудан аз омодагиҳо барои таҷлили 90-солагии Муассисаи давлатии киностудияи “Тоҷикфилм”, ки мусовӣ ба 100-солагии нобиғаи кинои тоҷик Борис Кимягаров аст, бо Муҳаммадсаид Шоҳиён ҳамсуҳбат шудем.   
-Тӯли як ҳафтаи охир якуякбора дар шабакаҳои иҷтимоӣ интиқоди шумо шурӯъ шуд. Сабаб чист?
-Мо дар ҷомеаи озоду демократӣ зиндагӣ мекунем. Ҳар кас ҳуқуқи ибрози ақида дорад. Агар воқеан, иштибоҳе аз ман сар зада бошад, танқид кунанд, ҳеҷ гап не. Аммо он чизе, ки шумо танқид гуфтед, ман ҳамла мегӯям, зеро дар заминаи ғаразҳои шахсӣ ва кинаву хусумат ба ман дарафтоданд. Агар ин тавр набуд, чӣ зарурат аст, ки баъди сӣ сол нақши Восеъ, ки ман онро иҷро кардаам, мавриди интиқод қарор мегирад.
-Мегӯянд, шумо чандин режиссёри ҷавону боистеъдод, аз ҷумла Румӣ Шоазимов, ки хатмкардаи ВГИК асту филмҳояш ҷоизаҳои ҷаҳонӣ гирифтаанд, рондаед…
-Румӣ Шоазимов, режиссёри болаёқати мо аст ва ба ҳеҷ ваҷҳ ман ӯро аз кор намерондам. Ӯ мувофиқи шартнома, филми бадеии “Паради домодҳо”-ро аз рӯйи асари Темур Зулфиқоров ба навор гирифт. Сабти филм, танзиму таҳияи он ба охир расид. Нахустнамоиши филм ҳам баргузор шуд. Пас аз ин, шартномаи мо бо Румӣ ба охир расид. Вай ариза навишт, ки барои пешниҳоди филм ба фестивалҳо иҷозат диҳам, ман иҷозат додам, ки аз номи худаш филмро пешбарӣ кунад. Ҳол он ки “Тоҷикфилм” барои сабти ин филм як миллион сомонӣ додааст ва бояд он аз номи киностудия пешниҳод шавад зеро мо аз он филм як дирам ҳам кор накардаем. Бо вуҷуди ин ман иҷозат додам.  Байни мову Румӣ Шоазимов дигар мушкиле нест. Мунтақидон надониставу насанҷида, ҳарф мегӯянд. Агар ҳамин рӯз ин режиссёри ҷавон сенарияи арзанда пешниҳод кунад, боз шартнома мебандему кор мекунем.
-Аз “Тоҷикфилм” рафтани Далер Назаровро чӣ гуна шарҳ медиҳед?
-Банда Далер Назаровро эҳтиром мекунам. Эшон яке аз сутунҳои санъати тоҷик ва ифтихори “Тоҷикфилм” ҳастанд.  Он кас ҷое нарафтаанд. Айни замон болои филми “Бачаи обӣ” кор мекунанд. Шартномаи мо қатъ нашудааст. Ман ҳеҷ гоҳ бо Далер Назаров масъалаи рафтанашонро ба миён нагузоштаам. Як биноро дар ихтиёри эшон гузоштаем, ки фаъолият кунанд. Қарори рафтани эшон тарки “Тоҷикфилм” нест, балки кушодани Мактаби мусиқӣ дар Бадахшон аст…
-Пас аз он ки режисёри ҷавон Далери Имомалӣ шуморо танқид кард, як гурӯҳ филмсозони ҷавонро ҷамъ карда, бо онҳо вохӯрӣ доштед. Дар ин мулоқот чӣ масъалаҳо матраҳ шуданд?
-Ҷавонон мехоҳанд, ки мо пул диҳему онҳо филм ба навор гиранд. Бошад, мо пул медиҳем, аммо пеш аз он онҳо бояд сенарияи арзанда пешниҳод кунанд. Мутаассифона ҷавонони мо мехоҳанд, ки барои ҳар идеяи онҳо мо маблағ диҳем, ки ин имконпазир нест.
-Чаро магар муассисаи шумо барои сабти филмҳо нест?
— “Тоҷикфилм” муассисаи давлатӣ аст, ки ҳар сол барои сабти ду филми ҳунарӣ ва ду филми ҳуҷҷатӣ пул ҷудо карда метавонад. Афсӯс, ки айни замон филмҳои мо хароҷоташонро пӯшонида наметавонанд. Яъне, мо барои филмҳо бебозгашт маблағ медиҳем. Банда феълан кӯшиш карда истодаам, ки  сабт ва фурӯши филмҳоро ба танзим дарорем. Муаллифи филм дар баробари пешниҳоди идея бояд, нақшаи фурӯши онро ҳам ба роҳ монад. Вақте филм пул меорад, мо икон пайдо мекунем, ки филми дигарро сабт кунем, вагарна пешравие намешавад.
-Бубинед, солҳои охир филмҳои хуби муллифӣ таҳия мешаванд, аммо дар муқоиса онҳоро наметавон дастоварди ҷиддӣ номид. Сабаб чист?
-Кинои мо солҳои охир дастовардҳои назаррас дорад.  Филмҳои Муҳаммадрабии Исмоил, Румӣ Шоазимов, Файзулло Файзов, Умед Мирзоширинов ва чанд нафари дигар дастоварди кинои мо аст. Албатта, муҳити пурҷӯшу хурӯши киносозӣ нест, ки умедворам онро месозем. Сабаб дар он аст, ки барои филм кори зиёди дастҷамъӣ лозим ва албатта маблағи калон.
-Шунидем, ки “Тоҷикфилм” нияти сабти филмҳои таърихии “Исмоили Сомонӣ”, “Деваштич” ва “Спитамен”-ро дорад…
— Албатта, чунин орзу дорем, вале барои сабти чунин филмҳо маблағи ҳангуфт лозим аст, ки надорем. Илова бар ин, мавзӯъҳое, ки шумо гуфтед, лоиҳаҳои ҷиддӣ ҳастанд. Барои сабти филм дар бораи зиндагии Исмоили Сомонӣ омодагии ҷиддӣ лозим аст. Мо ҳоло барои сабти чунин як филм омода нестем. Якум, сенарияи боқувват лозим, дуюм режиссёри боқувват. Ба ҳар ҳол мо ба наздики ният дорем, ки барои беҳтарин сенария оид ба рӯзгори Шоҳ Исмоили Сомонӣ озмун эълон кунем. Асар пайдо шавад, эҳтимол маблағгузор низ пайдо мешавад…
-Соли равон 90-солагии “Тоҷикфилм” аст. Чӣ омодагиҳо барои таҷлили ин сана пешбинӣ шудааст.
-90-солагии “Тоҷикфилм”-ро мо бо 100-солагии Борис Кимёгаров якҷоя ҷашн мегирем. Дар ин рӯз филми ҳуҷҷатие аз рӯзгори Борис Кимёгаров нишон медиҳем, аз бурдубохти кино мегӯем ва нахустнамоиши филми нави истеҳсоли худамон – “Бачаи обӣ”-и Файзуллоҳи Файзро низ дар ҳамин рӯз ба нақша гирифтаем. Ман бисёр мехостам, ки дар ин рӯз ҳамаи киноматаграфистони кишварро ҷамъ кунем, вале пандемия ба ин имкон надод. Илова бар ин, нахустин фестивали ҷаҳонии “Душанбе”-ро гузаронидани будем, ки нашуд.  Ҳамчунин, дар бахшида ба ин сана бори аввал медали “Аълочии кинематографияи Тоҷикистон”-ро, ки нав таъсис додем ба се нафар эъто мекунам ва маҷаллаи нави “Кино”-ро муаррифӣ менамоем.  
-Шумо директори Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина”, раиси Кумитаи Телевизион ва радиои кишвар будед. Аз чунин мансабҳои баланд, директори “Тоҷикфилм”-е таъин шудед, ки онро бояд эҳё кард. Оё душвор нест бароятон?
-Ман ягонтои ин вазифаҳоро ишғол накардаам. Балки Ҷаноби Олӣ бовар карда, маро ба ин вазифаҳо таъин кардаанд, ки кор кунам ва ба давлату миллатам хизмат намоям. Ман тӯли фаъолияти худ таҷриба гирифтам ва акнун имкони ба по рост кардани “Тоҷикфилм”-ро дорам. Кино обрӯву нуфуз ва симои давлат аст, бояд онро сохт эҳё кард ва кишварро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Мо насиб карда бошад, ин корро мекунем. Кинои нағз ҳам мешавад, ҷашнвораҳои нағз ҳам, обруву нуфуз ҳам, фақат кор кардан лозим.
Мусоҳиб О. Нозир

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.