расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Беҳтарин ҷудокорони Тоҷикистон дар соли равон

. / Варзиш

Беҳтарин ҷудокорони Тоҷикистон дар соли равон

Дар ҳисоби умумидаставӣ варзишгарони пойтахт ғалаба карданд.

Акси марбута
Сурат: КМО ҶТ
Дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии пойтахт рӯзҳои 13-15 ноябр Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо баргузор шуд. Дар ин мусобиқа беҳтарин ҷудокорон аз тамоми манотиқи кишвар ширкат варзиданд.
Дар қувваозмоиҳо байни мардон варзишгарони зерин пирӯз шуданд:
Абумуслим Қаюмзода (60 кг, Душанбе),
Баҳром Сӯфиев (66 кг, Хатлон-2),
Муҳаммадшариф Наҷмиддинов (73 кг, Душанбе),
Ҳакназар Назаров (80 кг, ГНТМ),
Ҷаҳонгир Маҷидов (90 кг, Душанбе),
Фирдавс Насимов (100 кг, Душанбе), 

Хуршед Маҷидов (зиёда аз 100 кг, Душанбе).
Занҳо дар ду вазн рақобат намуда, Аҳлия Муминова (57 кг, Душанбе) ва Шоҳида Қаландарова (70 кг, Душанбе) ба дарёфти медлҳои тилло шарафёб гардиданд.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар чемпионати имсола ҳудуди 200 варзишгар дар ҳайати 7 даста - Душанбе, Душанбе-1, Хатлон-1, Хатлон-2, Суғд, Бадахшон, Рашт ва ШНТМ иштирок карданд.
Гуфта мешавад, дар ҳисоби умумидаставӣ бештари медалҳоро варзишгарони дастаи Душанбе ба даст оварданд – 27 (8 тилло, 8 нуқра, 11 биринҷӣ).

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.