Эрон намехоҳад ИМА дар гуфтугӯи сулҳи Сурия иштирок кунад

Эрон гуфт, ба иштироки ИМА дар гуфтугӯи сулҳи Сурия, ки қарор аст ҳафтаи оянда дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор шавад, зид аст.

Ин бо мавқеи ду ташаббускори дигари гуфтушунид - Туркия ва Русия мухолифат мекунад, ки қаблан гуфтанд, намояндагони маъмурияти нави ИМА бояд дар ин нишаст ҳузур дошта бошанд.

"Онҳоро даъват накардаем, мо зидди иштироки ИМА ҳастем", -изҳор дошт Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон рӯзи сешанбе дар суҳбат бо хабаргузории Tasnim.

Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон дар суҳбат бо хабаргузории France-Presse гуфт, "мо бояд дар ин марҳала асоси сеҷонибаро нигаҳ дорем".

Зеро ба гуфтаи вай, афзоиши шумори иштирокдорони гуфтушунид метавонад ҳамаро ба ҳам бизанад.

Ин гуфтушунидҳои сулҳ бо ташаббуси Русия, Эрон ва Туркия баргузор мешавад, ки баъди пирӯзии комили нерӯҳои президент Башор Асад дар шарқи Ҳалаби Сурия ба миён гузошта шуд.

Шарқи Ҳалаб тайи чанд соли ҷанги шаҳрвандии Сурия сангари шӯришгарон буд.

Дар ҳоле ки Русия ва Эрон муҳимтарин пуштибони президент Башор Асаданд, Туркия аз гуруҳҳои шӯришгари Сурия пуштибонӣ мекунад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон