расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Бохтар: ваъдаи зиёрати Каъба ба ивази 80 ҳазор сомонӣ

. / Ҳаводис

Бохтар: ваъдаи зиёрати Каъба ба ивази 80 ҳазор сомонӣ

Мансабдор аз вазифааш суистифода кардааст.

Сурат: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки як корманди Дастгоҳи раиси шаҳри Бохтар барои қаллобӣ боздошт гардидааст.
Ба иттилои ниҳоди мазкур,  Абдураҳмонов А.А. дар мансаби мутахассиси Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони Дастгоҳи раиси шаҳри Бохтар фаъолият намуда, моҳи феврали соли 2020 бо истифода аз мақоми хизматиаш суистифода намудааст.

Гуфта мешавад, ки номбурда аз шаҳрванд Сабиров Р.Р. барои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо ҷиҳати дар мавсими “Ҳаҷ-2020” ба зиёрати Каъба рафтанаш 80 ҳазор сомонӣ талаб карда гирифта, ба манфиати охирин ягон амалро иҷро намекунад ва маблағро тасарруф намудааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Абдураҳмонов А.А. бо моддаи 247 (қаллобӣ),қисми 4, банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд фиристода шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.