расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » БОЗДОШТИ РАИСИ ҶАМОАТИ ТУГАРАКИ НОҲИЯИ ВОСЕЪ БАРОИ 14 ҲАЗОР СОМОНӢ ПОРА

. / Ҳаводис

БОЗДОШТИ РАИСИ ҶАМОАТИ ТУГАРАКИ НОҲИЯИ ВОСЕЪ БАРОИ 14 ҲАЗОР СОМОНӢ ПОРА

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки Амирхон Ҳалимов, раиси ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ бо иттиҳоми фурӯши ғайриқонунии хамин дастгир шуда, ба зиддаш бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Агентӣ гуфт, Амирхон Ҳалимов рӯзи 1 июн "бо сӯиистифода аз мансаб, аз шаҳрванд "А” барои ҷудо карда додани 0,05 га. қитъаи замини наздиҳавлигӣ маблағи 14000 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ 5000 сомониашро пешакӣ гирифта, оварда додани боқимонда маблағро талаб намуд. 03 июни соли 2020 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Ҳалимов А.Б. баъди аз шаҳрванд "А” гирифтани маблағи 9000 сомонӣ дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд.”
Раиси Ҷамоат 14000 сомонӣ талаб намуд
 Ҳалимов Амирхон Бобохонович дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ кор карда истода, ҳамчун шахси мансабдор бо истифода аз мақоми хизматӣ, санаи 01 июни соли 2020 аз шаҳрванд "А” барои аз ҳудуди Ҷамоати мазкур ҷудо карда додани 0,05 га. қитъаи замини наздиҳавлигӣ маблағи 14000 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ 5000 сомониашро пешакӣ гирифта, оварда додани боқимонда маблағро талаб намуд.
03 июни соли 2020 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Ҳалимов А.Б. баъди аз шаҳрванд "А” гирифтани маблағи 9000 сомонӣ дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ҳалимов А.Б. бо моддаи 247,  қисми  4, банди "б” Кодекси ҷиноятии Ҷуҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.
Маркази матбуоти Агентӣ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.