расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » 35 медали хонандаҳои Суғд дар озмуни байналмилалӣ: 17 тилло ва 18 нуқра

. / Ҷомеа

35 медали хонандаҳои Суғд дар озмуни байналмилалӣ: 17 тилло ва 18 нуқра

Озмуни «International Math Challange»-ро ҳамасола Донишгоҳи байналмилалии Рангситии Тайланд баргузор мекунад.

Сурат: Маъмурияти мактаб
Гурӯҳе аз хонандагони Мактаби Президентӣ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд аз як озмуни байналмиалаии фосилавӣ бо номи  “Math Challange-2020” 35 медал ба даст овардаанд.
Олимпиадаи байналмилалии фосилавӣ "Math Challange-2020" моҳи октябр бо ҷалби 1600 хонанда аз 70 кишвари ҷаҳон дар риштаи риёзӣ бо забони англисӣ дар Тайланд баргузор шуд.
Дар ин озмун 35 нафар хонандаи Мактаби президентӣ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд 17 медали тилло ва 18 медали нуқра ба даст оварданд.  Ҷумъабой Исомитдинов, ҷонишини мудири ин Мактаб ба “Азия-Плюс” гуфт, дар олимпиада, ки онлайн баргузор шуд хонандагони синфҳои 4 то 11 иштирок карданд. “Имрӯз аз ғолибон дар як вазъи тантанавӣ қадрдонӣ шуд”.
Манбаъ афзуд, баъди дастрас шудан ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, ба ғолибон медал ва Ҷоми олимпиадаи байналмилалӣ тақдим мешавад.
Олимпиадаи байналмиллалии математика ва робототехника ҳамасола зери номи «International Math Challange», бо дастгирии Мактаби байналмиллалии Осиё ва Донишгоҳи байналмиллалии Рангситии Тайланд доир мешавад. Соли ҷорӣ бинобар ҳамагирии вируси куруно олимпиада онлайн сурат гирифт. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.