расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Тирамоҳи гарм: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

. / Ҷомеа

Тирамоҳи гарм: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз


Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда ва камабри бебориш шуда, ҳарорати ҳаво дар вилояти Хатлон ба 21+26 дараҷа мерасад
 Ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда шуда,  эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст.
Бод аз сӯи шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1+6 ва рӯзона 16+21  дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда ва дар  баъзе ноҳияҳо камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 4+9 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук  то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 ва рӯзона 21+26  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда ва  дар баъзе ҳолатҳо камабри бебориш мешавад.   Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 3+8 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 дараҷа гарм  ва рӯзона 17 +22 дараҷа  гарм мешавад.
Дар  шаҳри Душанбе ҳавои  камабри бебориш пешбинӣ шудааст.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 3+5 ва  рӯзона 21+23 дараҷа  гарм мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.