расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Аз рафти озмун: ҷаримабандии ронанда, ки бо рақамҳои «1010» боиси аз ҳаракат бозмондан тролейбуси мусофиркашон гардид

. / Ҷомеа

Аз рафти озмун: ҷаримабандии ронанда, ки бо рақамҳои «1010» боиси аз ҳаракат бозмондан тролейбуси мусофиркашон гардид

Дар доираи баргузории озмуни «Беҳтарин навор ва расми қирдорҳои зиддиҳуқуқӣ», яке аз иштирокчиён бо ирсоли навори қоидавайронкунии автомашинаи тамғаи «Тайота камрӣ» аломати қайди давлтиаш 1010ТМ01, ки ронанда автомашинаи мазкурро дар қатори дуюми роҳ таваққуф намуда, бо ин кирдораш боиси тамбашавии сунъӣ гардидааст, аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуд, ки нисбати ронандаи автомашина чораи қонунӣ андешида шавад. Илова бар ин, тавре дар навор дида мешавад, бо ин сабаб муддати 6-7 дақиқа ҳатто тролейбуси мусофиркашон, ки дар дохилаш миқдори зиёди шаҳрвандон қарор доштанд, аз ин роҳи банднамуда гузашта натавонистааст.
Навор аз иштирокчии озмун: Видеоплеер
00:0000:20
  Зимни баррасии қоидавайронкунӣ муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи дар навор инъикосгардида Бобоев Шомудин Ҷумахонович соли таваллудаш 1973, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳлавӣ буда,
бинобар вайрон намудани талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ нисбаташ тибқи муқаррароти Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб ва ҷаримабандӣ карда шуд. Илова бар ин ронанда барои минбаъд содир накардани чунин кирдор зиддиҳуқуқӣ огоҳонида шуд.
   Воқеан, ин амали ронанда хилофи талаботи одоби шаҳрнишинӣ буда, аз маданияту фарҳанги пасти ронандагӣ гувоҳӣ медиҳад. Дар ин кирдори зиддиҳуқуқӣ ронанда ҳуқуқу манфиатҳои дигар шаҳрвандонро поймол намуда, бо гузоштани автомашина дар қатори дуюми роҳ фикри дигар иштирокчиёни ҳаракати роҳро накардааст, ки дар натиҷа мусофирони тролейбус то пайдо гардидани ронанда интизорӣ кашидаанд.
   Вобаста ба ҳолати мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бори дигар аз кулли ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки автомашинаҳои худро дар дохили истгоҳи нақлиёти мусофиркашон ва қатори дуюму сеюми роҳ нагузоред ва сабабгори ба вуҷуд омадани тамбашавии сунъӣ дар ҳудуди роҳҳо нагардед!

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.