расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Гранти $10 млн аз АБР ба тасдиқ дар парлумон фиристода шуд

. / Ҷомеа

Гранти $10 млн аз АБР ба тасдиқ дар парлумон фиристода шуд

Грант ба беҳбуди хизматрасонии тиббӣ дар Тоҷикистон равона мегардад.

Акси марбута
Сурат: vb.kg
Грант ба маблағи 10 млн доллар аз Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (АБР), ки узви Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ аст, ба амалисозии лоиҳа оид ба беҳбуди хизматрасонии тиббӣ дар Тоҷикистон равона мегардад.
Созишномаи 16 ноябри соли гузашта баимзорасидаро байни ҳукумати Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд  президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тасдиқ ба парлумон ирсол намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар, ҳадафи амалисозии лоиҳа - мусоидат ба беҳтар намудани фарогирӣ ва сифати хизматрасониҳои асосии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар 10 ноҳияҳои таҷрибавии қаблӣ ва 6 ноҳияи таҷрибавии нав интихобгашта мебошад.
Гуфта мешавад, минтақаи татбиқи лоиҳа ноҳияҳои Ёвон, Данғара, Балхӣ, Фархор, Қубодиён, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Мастчоҳ, Кӯшониён, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Ҷомӣ, Зафаробод, Файзобод ва Дарвозоро фаро мегирад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.